Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №535 АЗ 2.09.2019

02 Октябри 2019, Чоршанбе

Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ дар канали дериватсионии Силсиланерӯгоҳи барқӣ-обии Варзоб

Бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ ва бо инобати мактубҳои Силсиланерӯгоҳи барқӣ-обии Варзоби Ширкати саҳомию холдингии кушодаи «Барқи Тоҷик» аз 26 августи соли 2019, №223, Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат 2013» аз 26 августи соли 2019, №16 дар хусуси гузаронидани корҳои таъмирӣ дар канали обпартои НБО-и №3, воқеъ дар хиёбони Ҳофизи Шерозии шаҳри Душанбе, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 7 Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон,

 ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Оби канали дериватсионӣ аз сарбанди НБО-2 то ҳавзи фишории НБО-3 ба муддати як шабонарӯз аз соати 22:00 санаи 3 сентябри соли 2019 то соати 22:00 санаи 4 сентябри соли 2019 қатъ карда шавад.

2. Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Баракат 2013» корҳои таъмирии канали обпартои НБО-3-ро мутобиқи талаботи қоидаҳои сохтмонӣ ба роҳ монад.

3. Раисони ноҳияҳои Исмоилӣ Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ, Шоҳмансур ва Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе»  дар давраи иҷрои корҳои таъмирӣ бо истифода аз мошинҳои обкашӣ сокинони минтақаҳои беобмондаро бо обӣ нӯшокӣ таъмин намоянд.

4. Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.

5. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Душанбе» инъикоси ҳамаҷонибаи қарори мазкурро таввасути васоити ахбори омма ба сокинони шаҳри Душанбе расонанд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Зувайдзода М.М. гузошта шавад. 

                                                                                       Рустами  Эмомалӣ

 

Дар ҳолати қатъ намудани интиқоли об дар канали деревиатсионӣ дар минтақаи баъди Неругоҳи барқӣ-оби №2, истгоҳи обтаъминкунии «Фишорӣ» аз фаъолият боз дошта мешавад, ки дар натиҷа интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди:

- ноҳияи Сино, маҳаллаҳои Шараф, Ал-Берунӣ, Беморхонаи клиникии ҷумҳуриявии №3 ба номи Дяков, Муассисаи давлатии «Боғи ҳайвоноти шаҳри Душанбе», КВД «Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ», ҶДММ «Кохи Наврӯз» ва кӯчаи Варзишгарон;

 

- ноҳияи Исмоили Сомонӣ, хиёбонҳои Исмоили Сомонӣ ва Ҳ.Шерозӣ, кӯчаҳои М.Турсунзода, Шевченко, Шероз, С.Носир, Шотемур, Ф.Ниёзӣ, А.Командир, М.Холов, Л.Шералӣ, Ғ.Абдулло, Азизбеков, Ф.Шаҳобов, Л.Толстой, М.Миршакар, Пушкин ва Теҳрон ба муддати як шабонарӯз аз соати 22:00 санаи 3 сентябри соли 2019 то соати 22:00 санаи 4 сентябри соли 2019 қатъ мегардад.

 

 
 

Илова кунед