ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №203 АЗ 25.04.2022
Дар бораи ба мансаби сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъин намудани Азизиён С.С.
Мутобиқи моддаҳои 19, 20 ва 20 1 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ", моддаҳои 26 Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Азизиён Самӣ Солӣ аз 25 апрели 2022 ба мансаби сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе таъин карда шавад.
2. Барои қабулу супоридани амволи Сарраёсати мазкур комиссия дар ҳайати муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода У. (раиси комиссия), Сардори сарраёсати молияи шаҳри Душанбе Убайдзода М., сардори Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Шоҳталбзода М.Т., сардори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Азизиён С.С. ва собиқ сардори сарраёсат Усмонзода Қ. таъсис дода шавад.
3. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ