Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №209 АЗ 29.04.2022

29 Апрели 2022, Ҷумъа

Дар бораи таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ

Бо мақсади дар сатҳи баланди ташкиливу бадеӣ таҷлил намудани Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва иҷрои банди 68 Нақшаи кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2022, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2021, №791 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ”

                                                                 ҚАРОР МЕКУНАМ:

Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ тибқи замимаи 1 тасдиқ карда шавад.

Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.

Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе ҷиҳати гузаронидани чорабиниҳои ҷашнӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе маблағи 48000 (чилу ҳашт ҳазор) сомонӣ аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе тибқи замимаи 2 ҷудо намояд.

Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии “Телевизиони Душанбе” ва рӯзномаи “Паёми Душанбе” инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.

Нусхаи қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                              Рустами Эмомалӣ

Илова кунед