ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №235 АЗ 18.05.2022
Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳи обтаъминкунии «Ҷанубӣ - Ғарбӣ» ва «Кофарниҳон»
Бо мақсади пайваст намудани шоҳқубури хобонидашудаи қутраш 600 мм ба шоҳқубури амалкунанда дар кӯчаи Фирдавсӣ ва муроҷиати Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмон, азнавсозӣ ва таъмири роҳу кӯпрукҳои шаҳри Душанбе» аз 24 апрели соли 2022, №1/265 мутобиқи моддањои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
Нақшаи чорабиниҳои замимагардида оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокии шоҳқубури қутраш 600мм, воқеъ дар кӯчаи Фирдавсӣ, ноҳияи Фирдавсӣ тасдиқ карда шавад.
- Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди ноҳияи Сино: маҳаллаҳои Чортут, Сомон, хиёбони Борбад (аз кӯчаи Фирдавсӣ то шаҳраки Гипрозем), кӯчаҳои Камонгарон, П.Нахимов, Мир, Юсуф Вафо, П.Сулаймонӣ, Тургенев, Р.Набиев, Ханжин, Балъамї, Қаҳҳорӣ ва шаҳракӣ П.Нахимов; ноҳияи Фирдавсӣ: шаҳракҳои 61, 62, 63, 64, 65, маҳаллаҳои Крупский, Сомон, Гулбутта 1-2, Машал қатъ мегардад.
- Раиси ноњияи Сино ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои банақшагирифташуда бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳои номбурдаро бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
- Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.
- Шуъбаи итилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
- Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Табарзода Ҷ.А. гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ