ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №316 АЗ 24.06.2022
Дар бораи баргузор намудани II Фестивали дӯстии ҷавонони шаҳри Душанбе таҳти унвони «Ҷавонон – дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ» дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади баланд бардоштани ҳисси худшиносию худогоҳӣ, таҳкими муттаҳидӣ, дӯстӣ ва ягонагӣ дар байни ҷавонон, инчунин табодули маълумот, таҷрибаомӯзӣ ва шиносоӣ аз ҷойҳои фарҳангию фароғатии кишвар ҷиҳати татбиқи банди 2 Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 6 июни соли 2022, №276 тасдиқ гардидааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Дуюмин Фестивали дӯстии ҷавонон таҳти унвони «Ҷавонон – дар масири Истиқлолият ва давлатдории миллӣ» дар шаҳри Душанбе 24 июни соли 2022 баргузор карда шавад.
- Нақшаи чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати Кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии Фестивал он тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шавад.
- Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе барои гузаронидани Фестивал маблағи 49220 (чилу нуҳ ҳазору дусаду бист) сомонӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
- Муовини якум, муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо Кумитаи тадорукот якҷо бо сохторҳои дахлдор барои дар сатҳи баланди ташкилӣ ва ғоявӣ баргузор намудани фестивал дар шаҳри Душанбе тадбирҳои амалӣ андешанд.
- Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози баргузории фестивали мазкур муқаррар карда шуда, ҷиҳати ташкилу ҷамъбасти он чораҳои зарурӣ роҳандозӣ намояд.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкур ва рафти чорабиниро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
- Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ