Муовинони Раис
Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе
ТАБАРЗОДА Ҷамшед Афзал
02 октябри соли 1965 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1991 Донишкадаи политехникии Тоҷикистонро бо ихтисос муҳандиси бинокор хатм кадааст.
Солҳои 1983-1985 дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шуравӣ, Ҷумҳурии Халқии Муғулистон хизмат намудааст.
Фаъолияти кориро соли 1986 ба ҳайси коргари асфалту бетонрези дараҷаи сеюми Идораи махсусгардонидашудаи (ИМ) №23-и Трести “Спецстроймеханизатсия”-и Вазорати сохтмони ҶС Тоҷикистон, шаҳри Душанбе шурӯъ карда то 1987 дар ҳамин вазифа кор кардааст.
Аз солҳои 1989 ба ҳайси васлгари қубурҳои обгузари дараҷаи дуюми (ИМ) №23-и Трести “Спецстроймеханизатсия”-и Вазорати сохтмони ҶС Тоҷикистон, соли 1989 то соли 1990 устои қитъаи сохтмонии ИМ №23-и Трести “Спецстроймеханизатсия”-и Вазорати сохтмони ҶС Тоҷикистон, соли 1990 то соли 1993 сардори қитъаи сохтмонии №23-и Трести “Спецстроймеханизатсия”-и Вазорати сохтмони ҶС Тоҷикистон, соли 1993 то соли 1995 сардори қитъаи №1 №23-и Трести “Спецстроймеханизатсия”-и Вазорати сохтмони ҶС Тоҷикистон, солҳои 1995-1996- ҷонишини сардори ИМ №23-и Трести “Спецстроймеханизатсия”-и Вазорати сохтмони ҶС Тоҷикистон адои хизмат намудааст.
Инчунин солҳои 1996-1999 дар вазифаи сардори Идораи махсусгардонидашудаи №23-и Трести “Спецстроймеханизатсия”-и Вазорати сохтмони ҶС Тоҷикистон, солҳои 1996-2004 директори генералии Ҷамъияти саҳомии “Промстрой”-и Консерни давлатии сохтмонии “Тоҷикстрой”, соли 2004 дар вазифаи муовини директори Иттиҳодияи истеҳсолию мелиоративӣ-сохтмонии Вазорати мелиоратсия ва хоҷагии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2004-2015 директори Маркази идораи лоиҳаи рушди инфаструктураи маҳаллӣ (коммуналӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, солҳои 2015-2018 раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе фаъолият намудааст.
Аз соли 2018 то соли 2022 вазифаи Директори генерали Корхонаи воҳиди давлатии “Хоҷагии манзилию коммунали” –ро ба уҳдадошт.
Моҳи январи соли 2022 муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе
ОДИЛЗОДА Дилбар Раҳим
17 марти соли 1972 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1994 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро хатм намудааст.
Фаъолияти кориро соли 1994 ба ҳайси омӯзгор дар муассисаи таҳсилоти умумии №28 шурӯъ намуда, то соли 1996 дар ҳамин вазифа кор кардааст.
Аз соли 1997 то соли 2004 дар вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи №15 шаҳри Кӯлоб фаъолият намуда, бинобар сабаби иваз намудани ҷои зист солҳои 2004-2006 дар боғчаи №18-и шаҳри Душанбе ба ҳайси муррабия кор кардааст.
Соли 2006 то соли 2008 ба сифати муррабия дар кӯдакистони №126-и шаҳри Душанбе, соли 2008 то соли 2010 мудири кӯдакистони №127-и шаҳри Душанбе, соли 2010 то соли 2011 муовини мудири шуъбаи маорифи шаҳри Душанбе, соли 2011 мутахассиси пешбар ва муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2011 то соли 2015 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, соли 2015 то соли 2017 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, соли 2017 то 2018 ба ҳайси муовини аввали директор Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 то соли 2020 дар вазифаи директори муассисаи давлатии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст.
Аз соли 2020 то моҳи апрели соли 2022 вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Кӯлобро ба уҳда дошт.
Моҳи феврали соли 2022 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе
АБДУРАҲМОНЗОДА Абдураҳмон Сафаралӣ
*Соли таваллуд: 11.11.1988
*Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
*Миллат: тоҷик
*Таҳсилот: олӣ
*соли 2010 Донишкадаи Ню-Йорки, Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро (рӯзона) хатм кардааст
*соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо дипломи Магистр хатм кардааст
*Ихтисос иқтисодиёти ҷаҳон
*Унвони илмӣ магистр (айни ҳол дар раванди ҳимояи рисолаи номзадии илмӣ дар мавзӯи “Институтсионализатсияи равандҳои ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми Байналмилалии Савдо” қарор дорад)
*Забонҳои русӣ, туркӣ ва англисиро медонад
Соли 2016 бо Ифтихорномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои хизматҳои арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, рушди соҳаҳои иќтисодиёт ва савдо дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст
*Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 3 фарзанд
*Суроға шаҳри Душанбе
*аз моҳи январи соли 2023 дар мансаби Муовини Раиси шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.
*Кор ва фаъолияти собиқа:
2012-2013 Мутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
2013-2015 Мутахассиси пешбари Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
2015-2018 Сармутахассиси Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иќтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;
2017 Тибқи розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2017, №1798 (29-8) дар доираи Барномаи таҷрибаомӯзии Донишкадаи такмили ихтисос ва ҳамкории техникии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева;
2016 -2018 Ҳамзамон ба ҳайси омӯзгори соатбай (о,25 воҳиди корї) аз фанни «Иқтисодиёти ҷаҳон» дар Кафедраи муносибатҳои байналмилалии Факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;
2018-2020 Сардори Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;аз 24 декабри соли 2016, №529 бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиби масъули Кумитаи ҳамоњангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо;
2020-2023 Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
Аз январи
2023 то ҳол Муовини Раиси шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе
САИДЗОДА Фирдавс Ҳамро
9 июли соли 1970 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 1991 Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимиро бо ихтисоси иқтисодиёт ва ташкили нақлиёти автомобилӣ хатм намудааст.
Солҳои 1991-1993 ба ҳайси механик-муҳандис, сармеханики СПМК-№9 дар ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, ҳамчунин аз якуми апрели соли 1993 дар вазифаи механик-назоратчӣ, муҳандис дар Муассисаи таксомотории №2-и шаҳри Душанбе кору фаъолият намудааст.
Дар байни солҳои 1993 то 1997 дар Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаҳои сардори шуъбаи нақлиётии Иттиҳодияи мусофиркашонӣ ва сардори шуъбаи Иттиҳодияи Ҷумҳуриявии терминалҳои мусофиркашонии Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Аз соли 1997 то соли 2000 сардори шуъбаи истифодабарии Ҷамъияти саҳҳомии «Пассажиртранс»-и шаҳри Душанбе буда, дар байни солҳои 2000 то 2007 ба ҳайси муовини сардори Корхонаи воҳиди давлатии нақлиётии автомобилии мусофиркашонии №1-и шаҳри Душанбе фаъолият кардааст.
Вазифаи сардори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Троллейбус»-и шаҳри Душанберо аз соли 2007 то соли 2008-ум ба уҳда доштааст.
Инчунин солҳои 2008 ва 2013-ум дар мансаби директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Автобус-1»-и шаҳри Душанбе кор кардааст.
Дар солҳои 2013-2018 вазифаҳои директори Муассисаи давлатии коммуналии «Душанбенақлиётхадамотрасон» ва дар байни солҳои 2015-2018 директори Корхонаи коммуналии воҳиди давлатии «Насби нақлиёти барқӣ (троллейбус) ва велосипед»-ро ба уҳда дошт.
29 майи соли 2018 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе
Саломзода Сиҷоуддин
*Соли таваллуд: 2 июни соли 1965
*Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон
*Миллат: тоҷик
*Таҳсилот: олӣ
*Институти политехникии Тошкент ба номи Абурайҳон Беруниро хатм кардааст
*Ихтисос - муҳандиси кӯҳӣ-геофизик
*Забонҳои русӣ ва ӯзбекиро медонад
*Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст –«Ордени шараф» дараҷаи 2, Медали ҷашнии 30-солагии Истиқлолияти Давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
*Рутбаи Тахассусӣ – Мушовири давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1981-1982 Коргари совхози “XXII партсъезд”-и ноҳияи Данғара.
1982-1989 Институти политехникии Тошкент ба номи Абурайҳон Берунӣ.
1983-1985 Хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Иттиҳоди Шӯравӣ
1989-1994 Оператор – геофизик, сардори гурӯҳи геофизикӣ дар Экспедитсияи геофизикии ҷануби Тоҷикистон, Сарраёсати “Тоҷикгеология”-и шаҳри Душанбе.
1994-1995 Сардори шуъбаи сохтмонии иттиҳодияи истеҳсолии “Наврӯз”-и шаҳри Кӯлоб.
1995-1999 Таъминотчӣ, сардори сехи электрикӣ, муовини директор оид ба истеҳсолоти ширкати истеҳсолии “Саддам”-и шаҳри Сарбанд.
2003-2004 Нозири кӯҳӣ-техникӣ дар Кумитаи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2004-2006 Муовини сармуҳандис, сармуҳандиси мудирияти сохтмони “НБО-и Роғун”.
2006-2011 Муовини аввали Сардори Саридораи назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2011-2013 Котиби корпоративии Шӯрои нозирони ҶСК “Нерӯгоҳи барқи обии Роғун”.
2013-2015 Сардори Хадамоти назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
2015-2018 Раиси шаҳри Турсунзода.
2018-2020 Раиси шаҳри Исфараи вилояти Суғд.
2020-2023 Раиси шаҳри Бохтари вилояти Хатлон.
Аз январи соли 2023 муовини Раиси шаҳри Душанбе.
Муовини Раиси шаҳри Душанбе
РАҲИМЗОДА Толиб Карим
3 июли соли 1979 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.
Соли 2000 бо дараҷаи бакалавр, соли 2002 бо дараҷаи магистр Донишгоњи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоњтемурро бо ихтисоси агроном хатм намудааст.
Соли 2000 фаъолияти кориро ба ҳайси агрономи ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ оғоз намуда, то соли 2007 дар вазифаҳои мутахассиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Куктош» (ноҳияи Рӯдакӣ), мутахассиси пешбар, сармутахассиси Бозрасии назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ҶумҳурииТоҷикистон адои хизмат намудааст.
Солҳои 2007-2008 дар вазифаҳои сармутахассиси Бозрасии махсусгардонидашудаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.
Дар солҳои 2008 то 2014 бошад, ҳамчун мутахассиси пешбари шуъбаи назорати истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.
Аз соли 2014 то соли 2017 вазифаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбероба уҳда дошт.
15 марти соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид.