Нишона
Муаллифон: С. Қурбонов ва А. Н. Заневский. Аз ҷониби Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе соли 1997 тасдиқ гардидааст. Хусусиятҳои хоси шаҳрро инъикос намуда, бо нақши рамзҳо симои пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистонро ифода менамояд.
Композитсияи асосии гербро равоқҳо ташкил медиҳанд, ки дарвозаҳои шаҳр ва ҷумҳуриро таҷҷасум менамоянд.
Дар маркази равоқҳо кўҳҳо ва тоҷ бо нимҳалқа аз 7 ситора дар шўълаҳои офтоби тулўъкунанда ҷойгир шудаанд. Ин ҷузъиёти герб ва парчами давлатӣ хусусияти шаҳрро ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон баён менамоянд. Аз тарафи рост ва чап равоқҳо бо қанотҳо иҳота карда шудаанд, аз поён бошад, бо ҷузъиёти нақшу нигори қадимаи тоҷикӣ оро дода шудаанд. Дар қисмати болоии герб, дар болои равоқ «Душанбе» навишта шудааст.
Аз ҷониби пеш, калиди рамзии шаҳр ҷой карда шудааст, дар манзари китоби кушода – рамзи дониш, илм ва маърифат.
Композитсияи рамзӣ ба куллӣ дар чаҳоркунҷаи бо ҳади нўгтези поинӣ дар манзари се ранг – сурх, сафед ва сабз – тасвири рамзии парчами давлатии ҶТ, ҷойгир шудааст.
Акси азими герб аз оҳан дар намои иморати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе, болои баромадгоҳи асосӣ гузошта шудааст.