Тоҷикӣ

Энергетика

 

НИШОНДИҲАНДАҲОИ СОҲАИ ЭНЕРГЕТИКАИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ ДАР НИМСОЛАИ ЯКУМИ СОЛИ 2020

 «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе»

Бо мақсади таъмини боэътимоди барқ ба аҳолӣ ва корхонаю ташкилотҳои шаҳри Душанбе дар асоси нақша-чорабиниҳои ташкили техникӣ дар нимсолаи якуми соли 2020 аз ҷониби ҶСК «Шабакаҳои барқи шаҳри Душанбе» дар ҳамкорӣ ва ҳамбастагӣ бо ШСХК «Барқи Тоҷик» як қатор корҳои таъмирӣ ба сомон расонида шуд.

Дар давраи ҳисоботӣ аз ҷониби корхонаи мазкур ба миқдори            1589,1 млн. кВт соат энергияи барқ қабул гардид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 19,5 млн кВт соат зиёд мебошад.

Хароҷоти технологии энергияи барқ дар давраи ҳисоботӣ 15,29 фоизро ташкил дода, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 0,3 банди фоизӣ кам мебошад.

Мабалағи умумии ҳисобишудаи энергияи барқ дар нимсолаи якуми соли 2020 дар маҷмуъ ба 380,9 миллион сомонӣ баробар шуда, ҷамъоварии маблағи он бошад, 330,0 миллион сомониро ташкил дод, ки 86,6 фоизи нақшаро таъмин намуд.

Маблағи истифоданамудаи аҳолӣ бошад, ба 209,6 миллион сомонӣ ҳисобӣ шуда, аз тарафи аҳолӣ ба миқдори 190,2 миллион сомонӣ ҷамъоварӣ карда шудааст, ки 90,7 фоизи нақшаро таъмин намуд.

Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе

Дар нимсолаи якуми соли 2020 Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе тибқи нақша фаъолияти худро ба роҳ монда, ба тамоми истеъмолкунандагон хизматрасонии гармидиҳиро таъмин намуд.

Дар ҳамин муддат ба тамоми муштариён энергияи гармӣ ба маблағи 32299,6 ҳазор сомонӣ интиқол гардид, аз он ҷумла аҳолӣ ба маблағи 9193,4 ҳазор сомонӣ ва идораву ташкилотҳои гуногун ба маблағи 23106,2 ҳазор сомониро ташкил додааст.

Дар ин давра пардохти маблағҳо дар маҷмўъ 26163,1 ҳазор сомонӣ (81,0%), аз он ҷумла аҳолӣ 7617,3 ҳазор сомонӣ (82,8%) ва идораву ташкилотҳо 18545,8 ҳазор сомонӣ (80,3%) -ро ташкил додааст.

Тибқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 марти соли 2020, №199 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти ҷумҳурӣ барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020–2021”  ва қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 5 майи соли 2020, №295 “Дар бораи сари вақт омода намудани соҳаҳои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти шаҳри Душанбе барои фаъолияти мунтазам ва самарабахш дар давраи тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021” дар шаҳри Душанбе барои қабули энергияи гармӣ 2511 адад иншоот ба нақша гирифта шуда аст.

Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ 500 иншоот, Шоҳмансур  500 иншоот, Сино 1269 иншоот ва Фирдавсӣ 242 иншоот рост меояд. 

Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе бо мувофиқаи раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе нақшаи пайвастшавии 2511 адад иншоотҳоро таҳия ва тасдиқ  намудааст.

Тибқи нақшаи чорабиниҳо то ба имрўз аз ҷониби мутахассисони Муассисаи шабакаи гармидиҳандаи шаҳри Душанбе корҳои зерин иҷро гардидаанд:

-таъмири ҷории қубурҳои гармидиҳанда – 14,1 км ё 43,0 фоиз;

-иваз намудани қубурҳои гармидиҳанда – 2,16 км ё 47,3 фоиз;

-таъмири ҷории истгоҳҳои насосӣ – 16 адад ё 59,3 фоиз;

-таъмири ҷории чоҳҳои гармитақсимкунӣ – 117 адад ё 61,6 фоиз;

-таъмири ҷории лукидонҳо – 735 адад ё 69,3 фоиз;

-иваз намудани лукидонҳо – 44 адад ё 38,6 фоиз;

-таъмири ҷории дегхонаҳои локалӣ – 2 адад ё 40 фоиз;

-таъмири ҷории таҷҳизотҳои технологии бунгоҳои гармидиҳии – 1 бунгоҳ ё 50 фоиз;

-таъмири асосии гиреҳои гармитанзимкунӣ (элеваторҳо) – 16 адад ё 44,4 фоиз;

-таъмири ҷории гиреҳои гармитанзимкунӣ (элеваторҳо) – 457 адад ё 53,8 фоиз;

-захира намудани ангишт – 1390 тонна ё 60,4 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.                                                                                                          

               ҶСК «Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе»

Дар нимсолаи якуми соли 2020 аз марказҳои барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе истеҳсоли энергияи барқ ҳамагӣ 920497,0 ҳазор кВт соатро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 20207,0 ҳазор кВт соат ё 2,0 фоиз зиёд гардидааст.

Истеҳсоли энергияи гармӣ аз марказҳои истеҳсоли барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва дегхонаҳо дар моҳҳои январ – июни 677467  Гкал-ро ташкил дод, ки нисбат ба соли 2019-ум 194595 Гкал ё 40 фоиз зиёд гардидааст.

Дар ин давра хароҷоти умуми мазут барои истеҳсолот 191,0 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба соли 2019-ум 22118 тонна ё 99,0 фоиз коҳиш ёфтааст.

Дар давраи ҳисоботӣ хароҷоти умуми ангишт барои истеҳсолот 599516 тоннаро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 36073  тонна ё 7,0 фоиз зиёд мебошад.

Хароҷоти умуми гази табиӣ барои истеҳсолот дар ин давра 117090 ҳазор м3 -ро ташкил намуда, нисбат ба ҳамин давраи соли 2019-ум 61467 ҳазор м3 ё 110,0 фоиз зиёд мебошад.

Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе

Дар нимсолаи якуми соли 2020 Раёсати назорати давлатии энергетикии шаҳри Душанбе тибқи нақша фаъолияти худро ба роҳ монда, корҳои зеринро ба сомон расонидааст:                                                                                                                                                                                                                                                       

- муоинаи техникӣ оид ба оқилона ва самаранок истифода намудани энергияи барқ ба миқдори 7 адад ё 78 фоизи нақша иҷро гардидааст;

- муоинаи техникии таҷҳизотҳои барқии корхонаҳои ғайрисаноатӣ ба миқдори 241 адад ё 58,3 фоизи нақша иҷро гардидааст;

- додани дастур оид ба тайёр намудани хоҷагии барқ ба мавсими обхезӣ ва раъду барқ ба миқдори 532 адад ё 118,2 фоиз нақша иҷро гардидааст;

- гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба оқилона ва самаранок истифода намудани энергияи барқ ба миқдори 750 адад ё 142,3 фоизи нақша иҷро гардидааст;

- ошкор намудани ҳолатҳои вайрон намудани қоидаҳои истифода намудани энергияи барқ ва гармӣ ба миқдори 23 адад ба маблағи 109125 сомонӣ;

-   тартиб додани протоколҳо ва қабул намудани қарорҳо оид ба ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ ба миқдори 124 адад ба маблағи 22678 сомонӣ.

Муассисаи давлатии «Равшании Душанбешаҳр»

 

 Дар нимсолаи якуми соли 2020 аз ҷониби муассиса корҳои зерин ба сомон расонида шудаанд:

- дар басти дуюм (шабона) дар хиёбон ва кўчаҳо ба миқдори 6566 адад лампаҳои чароғҳо иваз гардидааст, ки 66,0 фоизи нақшаро ташкил намуд;

- таъмир ва иваз намудани ноқилҳои барқии намуди гуногун ба дарозии 29,7 км иҷро гардидааст, ки 74,0 фоизи нақшаро ташкил намуд;

- рангубори сутунҳо, қуттиҳои барқтақсимкунанда ва шохаҳои барқӣ ба миқдори 2009 адад иҷро гардидааст, ки 201,0 фоизи нақшаро ташкил намуд.



Илова кунед