Тоҷикӣ

Идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ дар ш.Душанбе

Қ А Р О Р И РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ № 471 аз 19.11.2011

Дар бораи тақвият бахшидани ислоҳоти хоҷагии

манзилию коммуналӣ ва рушди фазои рақобат дар

соҳаи идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ дар

ҳудуди марзию маъмурии шаҳри Душанбе

 

Бо мақсади таъмин намудани нигоҳдории меъёрии биноҳои бисёрхонагӣ, ба роҳ мондани идораи шаффоф ва самараноки онҳо, ташкил намудани рақобати солим дар бозори хизматрасониҳои коммуналӣ ҷиҳати идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ, ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои соҳибмулкони квартираҳо, таъмин намудани иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил», Қарори Раиси шаҳри Душанбе №603 аз 10 декабри соли 2009 «Дар бораи чораҳои беҳгардонии хизматрасонӣ дар соҳаи нигоҳдориву истифодабарии фонди манзил ва ташкили ширкатҳои соҳибмулкони манзил дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе», мутобиқ ба талаботи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

ҚАРОР МЕКУНАМ:

 

  1. Раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе:

- дар назди Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияҳои шаҳри Душанбе гурўҳҳои ҳамоҳангсозии ноҳиявӣ оид ба таъмини идоракунии самараноки биноҳои бисёрхонагӣ аз рўи ҳайати намунавӣ тибқи замимаи №1 таъсис дода, ҷиҳати вусъатбахшии ислоҳот дар соҳаи манзиливу коммуналӣ ва ба роҳ мондани системаи самараноки идоракунии фонди манзил ҳар семоҳа мониторинги рафти иҷрои интихоби тарзҳои идораи биноҳои бисёрхонагиро амалӣ намоянд;

- дар якҷоягӣ бо гурўҳҳои ҳамоҳангсозии ноҳиявӣ бо мақсади ба роҳ мондани истифодабарии дурусти биноҳои бисёрхонагӣ (бо назардошти таъмини фаъолияти меъёрии системаҳои муҳандисии истифодаи умум, таъмири нақшавӣ, аз ҷумла намои зоҳирӣ ва дигар) андозаи аъзоҳаққиро барои ҳар як бинои бисёрхонагӣ дар асоси тартиб додани сметаи алоҳидаи хароҷотҳои солона ва ё сметаи дарозмуддат (то 5 сол), мувофиқ ба талаботи ҳар як бинои бисёрхонагӣ, новобаста аз тарзи интихобшуда, муайян намоянд;

- гузаронидани маҷлисҳои умумии соҳибмулкони биноҳоро таъмин намуда, оид ба тарзи интихобнамудаи идоракунӣ пайваста ба роҳ мондани корҳои тарѓиботиву фаҳмондадиҳиро тақвият бахшанд;

- ба ҳар як соҳибмулки биноҳои бисёрхонагӣ «Варақаи роҳнамои соҳибмулк»-ро тибқи замимаи №2  то 31 декабри соли 2011 дастрас намоянд;

- аз 1 январи соли 2012 хизматрасониҳои идоракуниро аз ҷониби ташкилотҳои идоракунанда аз рўи «Шартномаи идоракунӣ»-и намунавӣ тибқи замимаи №3 ба роҳ монда, коркарди тавсияи методиро барои ташкилотҳои идоракунанда аз рўи чорабиниҳои ташкилии замимагардида тибқи замимаи №4 барои ҳар як бинои бисёрхонагӣ амалӣ ва аз натиҷаи он то 15 январи соли 2012 ба Раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намоянд;

- таъмини назорати давлатиро оид ба идоракунӣ ва истифодабарии меъёрии биноҳои бисёрхонагӣ ва ба роҳ мондани бақайдгирии манзилии шаҳрвандонро, амалӣ намоянд.

  1. Назорати иҷрои Қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Хайруллоев Н. гузошта шавад. 

 

М.УБАЙДУЛЛОЕВ

 

         Замимаи №1

ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе

№ 471 аз 19 ноябри соли 2011

 

ҲАЙАТИ

ГУРЎҲИ ҲАМОҲАНГСОЗИИ НОҲИЯВӣ ОИД БА ТАЪМИНИ

ИДОРАКУНИИ САМАРАНОКИ БИНОҲОИ БИСЁРХОНАГӣ

 

Роҳбари гурўҳ

- раиси комиссияи доимамалкунандаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия оид ба масъалаҳои соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ

 

муовини роҳбари гурўҳ 

- муовини Раиси ноҳия, сарпарасти соҳаи хоҷагии манзилию коммуналӣ

 

аъзои гурўҳ:

 

- мудири шўъбаи хоҷагии манзилию коммуналии дастгоҳи Раиси

  ноҳия;

- вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия (дар мувофиқа 2 вакил);

- мутахассиси шўъбаи коммуналию муҳандисии дастгоҳи Раиси

   шаҳри Душанбе;

- мудири шўъба ё бахши ҳуқуқии дастгоҳи Раиси ноҳия

- роҳбарони мақомоти худфаъолияти ҷамъиятии ноҳия 

- намояндагони воситаҳои ахбори омма

- намояндагони Иттифоки истеъмолкунангони Точикистон 

- мутахассисони соҳа (дар мувофиқа)

 

 

 

РОҲНАМОИ

соҳибмулк оид ба хизматрасонии коммуналӣ

ҷиҳати нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ

 

ИНРО БОЯД ҲАР ЯК СОҲИБМУЛКИ МАНЗИЛ ДАР ХОТИР ДОШТ:

 

 

ШАРТНОМАИ ИДОРАКУНӢ

 

 

Чорабиниҳои ташкилӣ

оид ба муайян ва интихоб намудани тарзи самараноки

идоракунии бинои бисёрхонагӣ ва ба роҳ мондани фаъолияти

мунтазами он



Илова кунед