Сармоягузорӣ
Фаъолияти сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар соли 2020
Сармоягузорӣ. Дар шаҳри Душанбе 11 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо маблағи 541,2 миллион доллари ИМА амалӣ шуда истодааст, ки аз аввали татбиқ то ин ҷониб 422,5 миллион доллари ИМА аз худ карда шудааст. Дар давраи ҳисоботии ба ҳолати 29 декабри соли 2020 дар шаҳри Душанбе ҳаҷми умумии воридоти сармоягузории хориҷӣ зиёда аз 155 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Дар моҳҳои январ –декабри соли 2020 дар ҳудуди шаҳри Душанбе 45 корхонаю ташкилот бо сармояи хориҷӣ фаъолият намуда, ба иқтисодиёти шаҳр беш аз 155 миллион доллари ИМА маблағ ворид намуданд, ки тақрибан 40 фоизи ҳаҷми умумии воридоти сармояи хориҷии ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Аз шумораи умумии корхонаю ташкилотҳо 29 корхона бо маблағи умумии 53 миллион доллари ИМА сармояи мустақим ва 16 корхона ба маблағи умумии 102 миллион доллари ИМА дигар сармоягузориҳоро ҷалб намуданд.
Айни ҳол, дар шаҳри Душанбе татбиқи се лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ, ки бевосита аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе идора карда мешавад, идома дорад, аз ҷумла:
Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва корезии шаҳри Душанбе» дар ҳаҷми 32,0 миллион доллари ИМА, ки аз он гранти Бонки Ҷаҳонӣ бо маблағи 30 миллион доллар ва маблағи 2 миллион доллар саҳми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мебошад (барои ноҳияи Сино). Азхудкунии маблағҳо аз аввали татбиқи лоиҳа 64 ҳазор доллари ИМА ташкил медиҳад.
Лоиҳаи «Обтаъминкунӣ ва санитария дар шаҳри Душанбе» (DWSSP) ҳаҷми 45,8 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад (аз ҷониби Бонки Осиёгии Рушди ва саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузорӣ карда мешавад).
Аз оғози татбиқ лоиҳа ҳаҷми 4961,8 ҳазор доллари ИМА азхуд карда шудааст.
Ҳамзамон, «Лоиҳаи рушди соҳаи нақлиёти ҷамъиятии мусофиркашонии шаҳри Душанбе, марҳилаи 2», ки дар ҳаҷми 8 миллион доллари ИМА пешбинӣ гардидааст, аз ҷониби Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд маблағгузорӣ мегардад, татбиқи лоиҳа дар нимсолаи дуюми соли 2020 оғоз гардидааст.
Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои алоҳидаи шаҳр корҳои муайяне мавриди амал қарор дода шуда, бо ин мақсад бо намояндагони Гурӯҳи Бонки Ҷаҳонӣ (ГБҶ) ва Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР) мулоқоти судманд анҷом дода шуда, дар ин мулоқот самтҳои афзалиятноки ҷалби сармоя ба рушди соҳаҳои алоҳидаи шаҳр мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Ҳамзамон, лоиҳаи низоми автоматикунонидашудаи назорат ва баҳисобгирии тиҷорати нерӯи барқ дар шаҳри Душанбе (биллинги) аз ҷониби консорсиуми сармоягузорон дар ҳайати ҶДММ «Авесто Гурӯҳ», ҶСК «Тоҷикгидроэлектромантаж» ва ҶДММ ТАҚ «Душанбе-Сити» бо маблағи 88 миллион доллари ИМА, марҳилаи аввали пилоти аз насбгардонии ҳисобкунакҳои барқӣ дар ноҳия Синои шаҳри Душанбе оғоз гардида, марҳилаи аввали лоиҳаи мазкур 34,5 миллион долари ИМА-ро ташкил медиҳад ва азхудкунии маблағҳо баъд аз қабули корҳои анҷомдодашуда аз ҷониби ҶСК «Барқи-Тоҷик» ҳисобида мешавад.
Дар шаҳри Душанбе як қатор корхонаҳои истеҳсолӣ бо сармояи ватаниву хориҷӣ ташкил гардида, аз ҷумла, корхонаи истеҳсоли коркарди маҳсулотҳои пахтагӣ «Ваҳдат» ба маблағи 60 миллион сомонӣ, ки марҳилаи аввали он 30 миллион сомониро ташкил медиҳад амалӣ шуда, ба фаъолият шурӯъ намуд, ки айни ҳол дар он 220 нафар ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Инчунин, бунёди корхонаи истеҳсоли техникаи маишӣ «Артел Авесто Электроникс» дар шаҳри Душанбе аз ҷониби ҶДММ «Авесто Гурӯҳ» ва ҶДММ «Artel Engineering and Management», ки сармоягузорӣ бо маблағи 10 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, марҳилаи аввал маблағи 5 миллион доллари ИМА-ро ташкил медиҳад, ки дар айни замон марҳилаи якуми хатти истеҳсоли пурра насб гардида, омода мебошад.
Бо мақсади самаранок истифода бурдани иқтидорҳои истеҳсолӣ ва иншоотҳои моликияти коммуналии шаҳр, ки бекор хобидаанд, корҳои назаррас ба анҷом расонида шуд. Дар минтақаи саноатии шаҳри Душанбе бунёди 13 адад корхонаҳои саноатӣ идома дорад, ки аз инҳо ду корхонаи саноатӣ-истеҳсолӣ ба кор шурӯъ намуда, истеҳсолотро ба роҳ монданд ва 6 адад корхонаи дигар дар рафти ифтитоҳ қарор доранд.
Ҳамзамон, дар заминаи собиқ корхонаи васлу насби экскваторҳо ва мошинаҳои роҳсозии шаҳри Душанбе КМ ҶДММ Уз-Агромаш дар ҳамкорӣ бо АО «Toshkent qishloq xojaligi Texnikasi Zavodi» Ҷумҳурии Ӯзбекистон бунёди коргоҳи истеҳсоли техникаи кишоварзӣ таъсис дода шуд, истеҳсоли техникаҳои кишоварзӣ дар назар мебошад.
Соҳибкорӣ. Яке аз самтҳои афзалиятнок дар шаҳри Душанбе ин ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ маҳсуб ёфта, ҷиҳати нигоҳ доштани заминаҳои мусоиди фаъолияти соҳибкорӣ ва ҷалби бештари сармоя ба иқтисодиёти шаҳри Душанбе ба ҳисоб меравад.
Инчунин, тибқи маълумоти феҳристи ягонаи давлатӣ дар соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе шумораи умумии субъектҳои хоҷагидор ба 42429 адад расидааст. Шумораи шахсони ҳуқуқӣ дар ин давра 7316 (нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 170 адад зиёд) ва шумораи соҳибкорони инфиродӣ бошад 34825 нафар, аз ҷумла бо патент 23750 нафар ва бо шаҳодатнома 11075 нафарро ташкил медиҳад.
Бо дастгирии соҳибкорони шаҳр дар соли ҷорӣ 100 хатнаи хайриявии кӯдакони ятиму бепарастор гузаронида шуд. Инчунин ба 2 нафар камбизоатон манзилҳои истиқоматӣ хайрия карда шуд.
Раёсат дар якҷоягӣ бо Шӯрои машваратии назди Раиси шаҳри Душанбе оид ба рушди соҳибкорӣ, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ҳар семоҳа вохӯрӣ баргузор намуда, инчунин, ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкорӣ дар самти шарикии давлат ва бахши хусусӣ мунтазам ба соҳибкорони шаҳри Душанбе вохӯриҳо баргузор намуда, оид ба мушкилотҳои пайдогардида, тавсияву роҳнамоии худро дар доираи қонунгузории амалкунанда мерасонад.
Бо мақсади роҳандозӣ намудани тадбирҳо дар самти ташкили марказҳо ва курсҳои баланд бардоштани сатҳи касбият ва маърифати ҳуқуқиву молиявии соҳибкорону тоҷирон дар давраи ҳисоботӣ як қатор вохӯриҳо бо соҳибкорони соҳаи саноат баргузор намуд, аз ҷумла санаи 14 августи соли 2020 дар Муассисаи давлатии «Душанбе–Плаза» бо иштироки зиёда аз 100 нафар соҳибкорон вобаста ба монеаҳои, ки бо сабаби пандемия дучор гардидаанд, семинар – машварат дар мавзӯи имтиёзҳои додашуда, баргузор гардид.
Иҷозатдиҳӣ. Дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» аз ҷониби сохторҳои дахлдори шаҳрӣ дар 12 моҳи соли 2020, ба 1328 адад субъект ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дода шудааст, аз ҷумла, аз ҷониби равзанаи ягонаи Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозӣ ба 1073 адад субъект барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ ва ғайра ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва аз ҷониби Муассисаи давлатии «Рекламаи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» ба 255 адад субъект барои ҷойгир намудани рекламаи берунӣ иҷозат дода шудааст.
Раёсати сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ ҷиҳати пешрафти фаъолияти соҳа аз тамоми имкониятҳои мавҷуда истифода намуда, минбаъд низ дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор оиди иҷрои саривақтии вазифаҳои ба зиммадошта, тадбирҳои заруриро роҳандозӣ менамояд.