Саноат
Ҳисобот
оид ба ҷамъбасти нишондиҳандаҳои соҳаи
саноати шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ – ноябри соли 2025
Тибқи омори расмии саноати шаҳри Душанбе дар 11 моҳи соли 2025 аз ҷониби 854 адад корхонаҳои истеҳсолӣ якҷо бо дигар субъектҳои соҳибкорӣ ба маблағи 5,9 млрд. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардидааст, ки нисбат ба соли гузашта ба маблағи 1,3 млрд. сомонӣ афзоиш ёфта, 123,1 фоизро ташкил додааст.
Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Шоҳмансур 175 корхона ба маблағи 846,8 миллион сомонӣ ё 124,3 фоиз, Исмоили Сомонӣ 102 корхона маблағи 1,1 млрд сомонӣ ё 117,4 фоиз, Сино 348 корхона маблағи 2,3 млрд сомонӣ ё 124,9 фоиз ва Фирдавсӣ 226 корхона маблағи 1,6 млрд сомонӣ ё 124,2 фоиз маҳсулот истеҳсол намудаанд.
Дар моҳҳои январ – ноябри 2025 дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ ҳиссаи маҳсулоти саноати коркард 59,2 фоиз, истеҳсол ва таъминоти энергияи барқ, газ, об ва тозакунии ҳаво 36,9 фоиз, саноати истихроҷи масолеҳи ғайримаъдани бинокорӣ 2 фоиз ва таъминоти об, тозакунӣ, коркарди партовҳо ва дастрасии коркарди дуюмдараҷа 1,9 фоизро ташкил додааст.
Дар ёздаҳ моҳи соли 2025 ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ, якҷоя бо нӯшокиҳо ва тамоку нисбат ба соли гузашта 29,0 фоиз афзоиш ёфтааст, ки дар маҳсулотҳои зерин зиёдшавӣ мушоҳида карда мешавад аз ҷумла, дар истеҳсоли равғани растанӣ 3,5 баробар, истеҳсоли орд, 1,6 фоиз оби маъданӣ 48,2 фоиз, истеҳсоли нӯшокиҳои беспирт 15,1 фоиз, истеҳсоли гӯшт 11,2 фоиз истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ 0,2 фоиз, ва истеҳсоли шири холис 9,2 фоиз, мушоҳида карда мешавад.
Дар моҳҳои январ – ноябри соли 2025 дар 531 адад корхонаҳои саноатӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро аз 100 фоиз зиёд намудаанд. Аз ҷумла, дар ноҳияҳои Шоҳмансур 105 корхона, И.Сомонӣ 59 корхона, Сино 230 корхона ва Фирдавсӣ 134 корхона рост меояд.
Тибқи маълумотҳои Сарраёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе дар моҳҳои январ – ноябри соли 2025 дар маҷмӯъ 62 адад коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ бо шумораи умумии 395 адад ҷойҳои нави корӣ ба қайд гирифта шудаанд.
Инчунин, дар ин давра бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корхонаи дӯзандагии ҶДММ «Гардӣ» бо фарогирии 210 ҷойи нави корӣ ва корхонаи заргарии ҶДММ «Ширкати кӯҳӣ – саноатии Тоҷикистону Чин» бо 60 ҷойи нави корӣ Маҷмуаи корхонаҳои истеҳсолии ҶДММ «Сантайлс» бо 650 ҷойи нави корӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ҳамзамон, барои бунёди ду корхонаи нави заргарии ҶДММ «ТВЕА Душанбе саноати кӯҳӣ» ва ҶДММ «Пакрут» ва се корхонаи кварс, шишаҳои панелӣ ва зарфҳои шишагини ҶДММ «Грин Гласс» санги асос гузошта шуд.







