ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №486 АЗ 19.09.2022
Дар бораи даъват намудани иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум.
Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 30 сентябри соли 2022, соати 900 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ - 40 даъват карда шавад.
2. Ба рӯзномаи иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:
2.1. Гузориши раиси комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии №11, 15 ва 62.
2.2. Дар бораи ҷараёни татбиқи «Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар ҳудуди пойтахт.
2.3. Дар бораи ҳисоботи муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳр ҷиҳати омодагӣ ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2022 – 2023 дар шаҳри Душанбе.
2.4. Дар бораи татбиқи «Барномаи рушди саноати сабук дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2022» ва иҷрои Нақша – чорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар доираи эълони «Солҳои рушди саноат».
2.5. Дар бораи ворид намудани тағйирот ба замимаи 5 ва 6 қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз 13 марти соли 2020, №7.
2.6. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.
3. Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.
4. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум тибқи замимаи 2 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи ёздаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то санаи 28 сентябри соли 2022 таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоњи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.
6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ