ЭЪЛОН: ТАНЗИМИ НАҚЛИЁТИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки бо мақсади ба танзим даровардани воситаҳои нақлиёти мусофирбари ба ҳудуди шаҳри Душанбе воридшаванда ва хатҳои сайри дохилишаҳрӣ, коҳиш додани шиддатнокии ҳаракати воситаҳои нақлиёт ва ҳамзамон баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе шуруъ аз санаи 23 ноябри соли 2022 нуқтаи таваққуфии воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав таваққуфгоҳи нави мусофирбарӣ воқеъ дар шоҳроҳи Душанбе-Турсунзода, назди Боғи миллӣ муқарар карда шудааст. Аз ин лиҳоз аз сокинон ва меҳмонони пойтахт, инчунин мусофирон ва ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбари самти шаҳрҳои Ҳисор, Турсунзода ва ноҳияи Шаҳринав хоҳиш карда мешавад, ки минбаъд аз хизматрасонии таваққуфгоҳи назди “Боғи миллӣ” истифода намоянд.