Тоҷикӣ

ИДОМАИ ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМ БА СОКИНОНИ ПОЙТАХТ

23 Январи 2023, Душанбе

ш.Душанбе. Бо мақсади шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти кишвар дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмолии Сомонии пойтахт мулоқоти роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Душанбе бо намояндагони соҳаи сайёҳӣ ва бахши ҳунармандии шаҳри Душанбе доир гардид.
Дар мулоқот таъкид гардид, ки “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санади муҳими расмӣ, барномавӣ ва муайянкунандаи самти сиёсату давлатдорӣ буда, ифодаи равшани рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барномаи мукаммали фаъолияти тамоми ниҳодҳо ва қутбнамои ҳаракати устувори ҷомеаи мо ба сӯи ояндаи дурахшон мебошад”.
Бо такя ба нуктаҳои Паёми Пешвои миллат ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки зимни ироаи Паём баён гардида буд, ҳозирин иброз доштанд, ки “Барои расидан ба бузургтарин дастоварди замони истиқлолият - сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, ноил шудан ба зиндагии босаодати имрӯза ва бунёди Тоҷикистони навин, ки ҳоло аҳли башар онро мешиносад ва эътироф мекунад, мардуми шарафманди тоҷик содиқона заҳмат кашиданд, мушкилоту маҳрумиятҳои ниҳоят вазнинро аз сар гузарониданд, фидокориву ҷоннисориҳо нишон доданд ва қаҳрамониҳо карданд. Аз ин рӯ моро мебояд ба қадри неъматҳои истиқлол бирасем ва барои насли ояндаи худ як давлати ободу осуда ва пешрафтаро ба мерос гузорем.”
Дар идомаи мулокот иброз гардид, ки ташаббуси пешгирифтаи Раиси шаҳр муҳтарам Рустами Эмомалӣ бобати ба шаҳри сабз табдил додани пойтахт барои тозагии муҳити атроф шароити созгорро муҳайё сохта симои Душанбешаҳрро боз ҳам зебо мегардонад. Аз ин ру аз ҳозирин даъват ба амал оварда шуд, ки дар муаррифии имкониятҳо ва зебоиҳои пойтахт саҳмгузор бошанд.
Тавре иброз гардид, таҳлили мазмуни умумии Паём нишон медиҳад, ки дар меҳвари он масъалаҳои таъмини зиндагии сазовор барои шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва ғамхорӣ нисбат ба қишрҳои гуногуни ҷомеа қарор гирифтааст.
Дар хотимаи вохӯрӣ аз тамоми масъулин ва намояндагони соҳаи сайёҳӣ даъват ба амал оварда шуд, ки дар муаррифии имкониятҳои сайёҳии кишвар, бахусус шаҳри Душанбе саҳмгузор бошанд ва хатсайри нави сайёҳиро дар барномаҳои худ ҷойгир намуда, меҳмонони дохилию хориҷиро ба хатсайрҳои мазкур сафарбар намоянд.

Илова кунед