ЭЪЛОН: ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ХАТСАЙРҲОИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ш.Душанбе. 12.09.2023. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи 15 сентябр то 25 декабри соли 2023, бинобар сабаби оғози корҳои сохтмонӣ дар кӯчаи А.Қаҳоров ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёт дар ин кӯча қатъ гардида, мувақатан ба нақшаи хатсайрҳои мусофирбарӣ ба ин масир фаъолияткунанда, аз қабили хатсайрҳои автобусии №№ 6, 43 ва хатсайрҳои микроавтобусии №№ 5, 11 ва 14 тағйирот ворид карда шуда, фаъолияти ин хатсайрҳо то ба истифода додани кӯчаи мазкур тавассути кўчаву хиёбонҳои С.Шерозӣ, Н.Қарабоев ва Соҳилӣ ба роҳ монда мешавад.
Аз ин лиҳоз, аз ронандагони воситаҳои нақлиёт эҳтиромона хоҳиш карда мешавад, ки талаботи аломатҳои роҳро риоя намуда, аз роҳҳои ҳамшафати кӯчаи А.Қаҳоров истифода баранд.