Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №598 АЗ 10.11. 2023

10 Ноябри 2023, Ҷумъа

Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади таъмини иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 апрели соли 2004, №1310 «Дар бораи таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор» мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                           ҚАРОР МЕКУНАМ:

1. Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор дар шаҳри Душанбе таъсис дода шавад.

2. Ҳайати Шӯро ва Низомномаи он тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда шаванд.

3. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, сохторҳои дахлдори дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ва раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори мақомотҳои марказӣ ҷихати таъмини фаъолияти Шӯрои ҳамоҳангсозӣ оид ба пешгирии суиистеъмоли маводи нашъадор дар шаҳри Душанбе чораҳои зарурӣ андешанд.

4. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе», рӯзномаи «Паёми Душанбе», инъикоси васeи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед