Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №62 АЗ 13.02.2024

13 Феврали 2024, Сешанбе

Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди  варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба  «Рӯзи Модар»

Бо мақсади дар сатҳи баланд таҷлил намудани «Рӯзи Модар» ва арҷгузорӣ ба мақому манзалати модарон, дастгириву қадрдонии занону бонувон мутобиқи банди 12 Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2023, №729 тасдиқ шудааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

                                                   Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

1. Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Рӯзи Модар» дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ» - и шаҳри Душанбе аз 15 феврал то 6 марти соли 2024 баргузор карда шавад.

2. Ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқа тибқи замимаҳои № 1,2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.

3.  Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблаӣҳои фонди рушди пойтахт ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимагардида бо дарназардошти пардохти андоз маблаӣи 140750 (яксаду чил ҳазору ҳафсаду панҷоҳ) сомонӣ ҷудо намояд.

4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе сарпарасти соҳа, Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ», раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе, дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо Кумитаи тадорукот, Федератсияи волейболи Тоҷикистон, барои даъват ва ҷалби дастаҳои волейболи бонувони вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, инчунин дастаҳои бонувони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ доир гардидани мусобиқаи мазкур чораҷӯӣ намоянд.

5. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе, ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ» ва бехатарӣ аз сухтор чораҳои зарурӣ андешанд.

6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи  «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути воситаи ахбори омма таъмин намоянд.

7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                                 Рустами  Эмомалӣ

Илова кунед