Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №89 АЗ 15.02.2024

15 Феврали 2024, Панҷшанбе

Дар бораи баргузор намудани чорумин Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам» бахшида ба таҷлили ҷашни 31 – солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон

   Бо мақсади иҷрои банди 8 Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри  соли 2023, №729 тасдиқ гардидааст, ҷиҳати татбиқи босамари сиёсати давлатии ҷавонон, баланд бардоштани эҳсоси худшиносию худогоҳии онҳо, тарбияи ҳарбӣ – ватандӯстӣ, ташвиқу тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушду инкишоф ва таъмини оммавияти варзиш, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,

                                      Қ А Р О Р    М Е К У Н А М:

1. Дар шаҳри Душанбе аз 17 то 22 феврали соли 2024 чорумин Фестивали дӯстии афсарону сарбозон ва ҷавонони синни даъватӣ таҳти унвони «Барои давлату миллатам содиқона хизмат мекунам» бахшида ба таҷлили ҷашни 31 – солагии Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор карда шавад.

2. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, тартиби баргузорӣ, кумитаи тадорукот, низомномаи мусобиқаҳо ва харҷномаи Фестивал тасдиқ карда шаванд (замимаҳои 1, 2, 3, 4 ва 5).

3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди захиравии Раиси шаҳри Душанбе тибқи замимаи 4 барои гузаронидани Фестивал маблағи 108050 (яксаду ҳашт ҳазору панҷоҳ) сомонӣ ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.

4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе дар ҳамкорию ҳамоҳангӣ бо сохторҳои марбута, аз ҷумла вазоратҳои адлия, мудофиа ва корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ доир намудани чорабинии мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

5. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Муассисаи давлатии «Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе», ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии «Ёрии таъҷилӣ», нақлиёти сӯхторхомӯшкунӣ ва риояи қоидаҳои беҳдоштӣ дар рӯзҳои баргузории чорабинии  мазкур чораҳои зарурӣ андешанд.

6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории чорабинии мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.

7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.

8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе,  сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                       Рустами Эмомалӣ

Илова кунед