ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №95 АЗ 19.02.2024
Дар бораи таъсис додани гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2024, №АП-507 ҷиҳати самаранок ба роҳ мондани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар шаҳри Душанбе мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ тибқи замима тасдиқ карда шавад.
2. Гурӯҳи корӣ барои тақвият бахшидани корҳо дар самти рушди сайёҳӣ ва назорати раванди амалишавии барномаву нақшаҳои бунёди инфрасохтори сайёҳӣ, рушди ҳунарҳои мардумӣ, косибӣ, касбу ҳунаромӯзии шаҳрвандони мамлакат, ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ, тозаву озода нигоҳ доштани маҳалҳои аҳолинишин, ҳифзи табиат, истифодаи самараноки заминҳои наздиҳавлигӣ, ташкили фаъолияти растаҳо ва гӯшаҳои ҳунармандӣ дар шаҳри Душанбе нақшаи чорабиниҳо таҳия ва тасдиқ намояд.
3. Ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Фирдавсӣ ва Синои шаҳри Душанбе гурӯҳи кории доимоамалкунанда оид ба рушди сайёҳӣ, ҳунарҳои мардумӣ ва ташкилу назорати корҳои ободониву кабудизоркунӣ дар сатҳи ноҳия таъсис диҳанд.
4. Гурӯҳҳои кории доимоамалкунандаи шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он аз натиҷаи корҳои анҷомёфта ҳар семоҳа ба Раиси шаҳри Душанбе ахборот пешниҳод намоянд.
5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи қарори мазкур ва татбиқи нақшаи чорабиниҳоро тавассути васоити ахбори омма таъмин намоянд.6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ