ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №105 АЗ 23.02.2024
Дар бораи баргузор намудани 5-умин мусобиқаи байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз
Бо мақсади дар сатҳи баланди омодагӣ таҷлил намудани ҷашни байналмилалии Наврӯз, ташвиқу тарғиби тарбияи ҷисмонӣ, рушду равнақи варзиш, дарёфт ва таъмини беҳтарин варзишгарон дар мусобиқаҳои байналмилалӣ мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»,
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Панҷумин мусобиқаи байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз рӯзҳои 6 то 9 марти соли 2024 дар Муассисаи давлатии «Қасри теннис ва маҷмааи варзиши обӣ»-и шаҳри Душанбе баргузор карда шавад.
2. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати кумитаи тадорукот ва ҳисобномаи хароҷотии баргузории 5-умин мусобиқаи байналмилалии «Гӯштингирӣ» барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» тибқи замимаҳои 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
3. Сарраёсати Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои Фонди рушди пойтахт тибқи замимаи 3 маблағи 1437500 (як миллиону чорсаду сивуҳафт ҳазору панҷсад) сомониро бо назардошти андозҳо ба шуъбаи муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе ҷудо намояд.
4. Муовини якум, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, роҳбарони воҳидҳои сохтории марбутаи дастгоҳи Раиси шаҳр ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдори ҷумҳуриявӣ барои дар сатҳи баланд гузаронидани мусобиқаи зикршуда чораҳои зарурӣ андешанд.
5. Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ҳамоҳангсози мусобиқаи мазкур муқаррар гардида дар ҳамкорӣ бо ҳайати кумитаи тадорукот ва Ташкилоти ҷамъиятии Федератсияи «Гӯштингирӣ»-и Тоҷикистон иштироки беҳтарин варзишгарони кишварҳои хориҷӣ ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳуриро дар мусобиқа таъмин намоянд.
6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро дар ҳамкорӣ бо муассисаи давлатии «Телевизиони варзиш» таъмин намоянд.
7. Қарори мазкур барои тасдиқ ба Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе пешниҳод карда шавад.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ