Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ РӮЗИ ДАЪВАТШАВАНДА ДАР ПОЙТАХТ

01 Апрели 2024, Душанбе

ш.Душанбе. 01.04.2024. Дар робита ба татбиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 марти соли 2024, №791 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки мӯҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997 - 2006 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ» ва қарори дахлдори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1997 - 2006 ба хизмати ҳарбӣ» маросими ботантанаии гусели ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ оғоз гардид.
Ба ин муносибат аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе санаи 1 апрел дар Муассисаи давлатии “Амфитеатри Аҳорун” чорабинии тантанавӣ ва маъракаи гусели наваскарон аз шаҳри Душанбе ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат баргузор гардид.
Дар ҳамоиши мазкур намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе Кумитаи кор ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, КИ ҲХДТ дар шаҳри Душанбе раисони ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур, Сино ва Фирдавсӣ, масъулини сохторҳои ҳифзи ҳуқуқ, соҳаи кор бо ҷавонон, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, кор бо занон ва оила, роҳбарони комиссариатҳо ва қисмҳои ҳарбӣ, падарону модарони даъватшудагон иштирок иштирок намуданд.
Дар қисмати расмии чорабинӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон Сафаралї, сардори тстоди генералии Қувваҳои мусаллаҳ, муовини якуми Вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Собирзода Эмомалӣ, Раиси Кумитаи кор бо љавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулаҳмадзода Зулфиқор Аҳмад ва Раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе Мирзозода Иброҳим Холмурод суханронӣ намуданд.
Дар ин маросим ҳамчунин, ба даъватшудагон, ки аз чор ноҳияи шаҳр дар ин рӯз сафарбар гардиданд, ҳуҷҷати хатми ронандагӣ тақдим гардида, машқҳои ҳарбӣ ва варзишӣ намоиш ва чун анъана маросими «Нонгазон» сурат намоиш дода шуд.
Дар қисмати фарҳангии чорабинӣ аз ҷониби дастаҳои ҳунарӣ барномаи консертӣ ва намоиши театрӣ пешниҳоди иштирокчиён гардонида мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки сол то сол сафи ҷавононе, ки ихтиёран ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ мепайванданд, зиёд гардида истодааст. Ҳукумати мамлакат ҷиҳати боз ҳам рушд додан ва фароҳам сохтани шароити созгор барои сарбозону афсарони шуҷои Ватан пайваста тадбирҳои мақсаднок меандешад».
Тавре дар Қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ омадааст, комиссарҳои ҳарбӣ ва раисони комиссияҳои даъвати шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он муваззаф гардидаанд, ки даъвати шаҳрвандонро аз ҳисоби даъватшавандагони ба таври дақиқ интихобшуда ба қӯшунҳои сарҳадӣ, Гвардияи миллӣ ва қисмҳои ҳарбии таъйиноти махсус, бо дарназардошти хусусияти хоси хизмат дар ин воҳидҳо ва дар навбати аввал, пуррагардонии онҳо бо иштироки намояндагони мақомоти амният ва корҳои дохилӣ амалӣ намоянд.
Ҳамчунин тибқи қарори мазкур раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, фарҳанг, кор бо занон ва оилаи шаҳри Душанбе уҳдадор гардидаанд, ки миёни сокинон ва ҷавонони синни даъватӣ хизмати ҳарбиро ҳамчун вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванд ташвиқу тарғиб намоянд.
Таъкид гардид, ҷавонони сарбаланди тоҷикро мебояд, ки ба Ватан содиқона хизмат намуда, барои ҳимояи марзу буми сарзамини аҷдодиамон бо ҳушёрию далерӣ ва мардонагӣ омода бошанд ва онро чун гавҳараки чашм ҳифз созанд.

Илова кунед