БАРГУЗОРИИ МУЛОҚОТ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ МАОРИФИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ
02 Апрели 2024, Сешанбе
ш.Душанбе. 02.04.2024. Дар асоси дастуру супоришҳои Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ, имрӯз дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии назди Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе бо иштироки муовини Раиси шаҳри Душанбе Одилзода Дилбар бо кормандони соҳаи маорифи пойтахт мулоқот баргузор гардид.
Дар мулоқот роҳбарияту кормандони Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, филиали Муассисаи давлатии"Донишкадаи ҷумҳуриявии такмили ихтисос ва бозомӯзии кормандони соҳаи маориф" дар шаҳри Душанбе, мудирони шуъбаҳои маориф, Иттифоқи касабаи кормандони соҳаи маориф, роҳбарони муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ иштирок доштанд.
Дар чорабинӣ қайд гардид, ки дар ҳама давру замон илмомӯзию маърифатпарварӣ аз омилҳои тақдирсози миллату давлатҳо ба шумор рафта, мураббиёну омӯзгорон, ки ҳамарӯза, ба масъалаҳои вобаста ба таълиму тарбияи кӯдак машғуланд, уҳдадоранд, ки оид ба пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо аз тарафи кӯдакон, барои дар рӯҳияи ватандӯстию ватанпарастӣ тарбият намудан ва ба хотири боз ҳам баланд бардоштани масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд, худшиносиву худогоҳӣ, ватандӯстиву ватанпарастӣ, эҳтироми арзишҳои милливу умуми башарӣ, риояи меъёрҳои одобу ахлоқи ҳамида, омода намудани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва ба роҳи рост ҳидоят намудан тадбирҳо андешанд.