Тоҷикӣ

ЭЪЛОН: ТАНЗИМИ ХИЗМАТРАСОНӢ ДАР ХАТСАЙРҲОИ НАҚЛИЁТИ МУСОФИРБАРИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

15 Апрели 2024, Душанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи 22 апрели соли 2024  бо  ворид гардидани тағирот дар нақшаи ҳаракати хатсайри автобуси №41 (Маркази савдои “Кушониён”-Терминали ғарбӣ)  фаъолияти   автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои Ҳ. Шерозӣ, Рудакӣ, С. Носирова, Карамов, А. Навоӣ ва шоҳроҳи Душанбе-Ҳисор ба роҳ монда мешавад. Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои  наву муосир истифода баранд. Пардохти ҳаққи роҳкиро ғайринақди буда, тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда шудааст.

 

Илова кунед