ВОХӮРӢ БО НАМОЯНДАГОНИ ШИРКАТИ ИСПАНИИ "HIDRIA CIENCIA AMBIENTE Y DESAROLLO S. L."
19 Апрели 2024, Ҷумъа
ш.Душанбе.19.04.2024. Имрӯз дар толори маҷлисии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, вохӯрии сеҷонибаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Абдураҳмонзода Абдураҳмон бо Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Муминзод Камолиддин ва роҳбарияти Ширкати машваратии испанӣ - «HIDRIA Ciencia» amiente y desarollo S.L» Эдуардо Мартинeс доир гардид.
Зимни мулоқот аз ҷониби ширкати испанӣ лоиҳаи “Нақшаи генералии сайёҳии шаҳри Душанбе ва минтақаҳои атрофи он” рӯнамоӣ гардид.
Дар рафти мулоқот муовини Раиси шаҳри Душанбе ба зарфиатҳои фаровон дар бахшҳои мухталифи сайёҳӣ ва дигар самтҳои мавриди таваҷҷуҳ ишора карда, фазои инфрасохторӣ ва фарҳангию таърихии шаҳри Душанберо барои ҷалби таваҷҷуҳи сайёҳони хориҷӣ мусоид таъкид намуданд.
Албата, рушди соҳаи сайёҳиро бе ворид намудани технологияи рақамӣ тасаввур карда ғайри имкон мебошад, зеро ҳар сайёҳ ниёз ба иттилои расмӣ, дастрас ва фаврӣ дорад.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкориҳои минбаъда баён доштанд.