Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №322 АЗ 17.05.2024

17 Майи 2024, Ҷумъа

Дар бораи таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар шаҳри Душанбе

Бо мақсади иҷрои банди 6 -и нақшаи чорабиниҳо оид ба амалигардони “Соли маърифати экологӣ” дар шаҳри Душанбе, ки бо қарори Раиси шаҳри  Душанбе аз 27 феврали соли 2024, №144 тасдиқ шудааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»

                                        ҚАРОР  МЕКУНАМ:

1. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист тасдиқкарда шавад.(замима мегардад).

2. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муҳити зист 5 июни соли 2024, соати 1800 дар назди шаршараи Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳ»-и шаҳри Душанбе чорабинии фарҳангӣ-фароғатӣ баргузор карда шавад.

3. Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо мақсади дар сатҳи баланди фарҳангӣ доир намудани чорабинии зикргардида тадбирҳои зарурӣ андешанд.

4. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, тандурустӣ ва Хадамоти давлатии оташнишонии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии ёрии таъҷилӣ ва бехатарии зиддисӯхтор ҳангоми баргузории чорабинӣ тадбирҳои дахлдор андешанд.

5. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси муҳтавои қарор ва рафти иҷрои нақшаи чорабиниҳои мазкурро  тавассути воситаҳои ахбори омма ба таври васеъ ба роҳ монанд.

6. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

                                                                                Рустами Эмомалӣ

Илова кунед