ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №324 АЗ 23.05.2024
Дар бораи омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе
Бо мақсади иҷрои банди 69 Нақшаи кори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе барои соли 2024, ки бо қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 29 декабри соли 2023, №729 тасдиқ гардидааст, инчунин дар сатҳи баланди ташкилӣ, ғоявию бадеӣ ва фарҳангиву маърифатӣ таҷлил намудани Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон, мутобиқи моддаҳои 19, 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаҳои 8, 19 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Нақшаи чорабиниҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба омодагӣ ва таҷлили Рӯзи байналмилалии ҳифзи кӯдакон дар шаҳри Душанбе тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
2. Муовини якум ва муовинони Раиси шаҳри Душанбе, роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе, роҳбарони воҳидҳои сохтории дастгоҳ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе иҷрои саривақтӣ ва босифати нақшаи чорабиниҳои мазкурро таъмин намоянд.
3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарори мазкур ва ҷараёни баргузории чорабиниҳоро тариқи воситаҳои ахбори омма таъмин намоянд.
4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ