ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №334 АЗ 28.05.2024
Дар бораи андешидани чораҳои иловагӣ оид ба таъмини бехатарии ҳаракати нақлиёти автомобилӣ дар кӯчаи Шамсӣ, ноҳияи Сино
Мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ», моддаи 14 Кодекси шаҳрсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моддаҳои 17 ва 49 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи роҳҳои автомобилгард ва фаъолияти роҳдорӣ», моддаҳои 7, 20 ва 22 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳаракат дар роҳ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Бо инобати анҷом додани корҳои таъмири дар кӯчаи Шамсӣ (аз хиёбони Б.Ғафуров то хиёбони А.Сино) аз 29 майи соли 2024 то 20 августи соли 2024 ҳаракати ҳамагуна воситаҳои нақлиёти автомобилӣ, муваққатан қатъ карда шавад.
2. Вобаста ба муқаррароти банди 1 қарори мазкур шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва Раёсати хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар шаҳри Душанбе самти ҳаракати нақлиёти автомобилиро, ки дар кӯчаи Шамсӣ (аз хиёбони Б.Ғафуров то хиёбони А.Сино) мегузарад, ба воситаи кӯчаҳои ҳамшафат муайян намоянд.
3. Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба тағйири самти ҳаракати нақлиёт дар мувофиқа бо шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе гузоштани аломатҳои роҳ ва дигар лавҳаҳои иттилоотию огоҳкунандаро барои ронандагони воситаҳои нақлиёт таъмин намоянд.
4. Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе барои таъмини бехатарии ҳаракати воситаҳои нақлиёт дар кӯчаҳои ҳамшафат тадбирҳои мушаххас андешад.
5. Маркази татбиқи лоиҳаҳои таҷдиди роҳҳои Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои танзими алоқаи мунтазами нақлиётӣ дар қитъаи роҳи иншооти мазкур, инчунин бе монеа даромадани воситаҳои нақлиёти ёрии таъҷилии тиббӣ, милитсия ва хадамоти оташнишонӣ ба минтақаҳои атрофи иншооти сохташаванда чораҳои зарурӣ андешад.
6. Роҳбарони идора, ташкилот, муассиса, корхона ва субъектҳои хоҷагидорие, ки дар шаҳри Душанбе фаъолият доранд, вазифадор карда шаванд, ки бобати ҳалли масъалаҳои марбут ба хатҳои муҳандисии иншооти мазкур ба пудратчии асосии иншоот – Ҷамъияти саҳомии пушидаи «Комбинати металургии тоҷик» ҳамаҷониба ҳамкорӣ намоянд.
7. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
8. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳаи нақлиёт гузошта шавад.
Рустами Эмомалӣ