Тоҷикӣ

БАРГУЗОРИИ ҶАЛАСАИ КУМИТАИ ТАДОРУКОТ ҶИҲАТИ ДАР САТҲИ БАЛАНД БАРГУЗОР НАМУДАНИ НАВРӮЗИ 2026

07 Марти 2026, Шанбе

ш. Душанбе. 07.03.2026 Имрӯз дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Бахтиёр Шарифӣ, ҷиҳати дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои гуногун бахшида ба ҷашни байналмилалии Наврӯзи байналмилалии 2026, ҷаласаи кумитаи тадорукот баргузор гардид.
Дар ҷаласа муовинони Раиси шаҳри Душанбе, раисони ноҳияҳои шаҳр, роҳбарияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар шаҳри Душанбе, намояндагони Вазорату кумитаҳои дахлдор, роҳбарияти сохторҳои дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, мақомоти марказӣ ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ширкат доштанд.
Муовини якуми Раиси шаҳр, барои дар сатҳи баланди касбӣ баргузор гардидани чорабиниҳои болозикр ба ҳозирин дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Илова кунед