Тоҷикӣ

ТАДБИРҲОИ ПЕШГИРИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ КОРОНАВИРУС ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

16 Майи 2020, Шанбе

 ш.Душанбе. 16.05.2020. Тибқи нақшаи генералии тасдиқшуда то имрӯз ҳудуди заминҳои шаҳри Душанбе 203,18 километри мураббаъро ташкил медиҳад.

Шумораи умумии аҳолӣ бошад, ба ҳолати 1 январи соли 2020 дар маҷмӯъ 863 ҳазор нафарро ташкил карда, дар қаламрави шаҳр 104 маҳалла бо 172 ҳазор оила, 3 300 адад биноҳои баландошёна ва 39 113 ҳавлиҳои инфиродӣ мавҷуд мебошад.      Дар шаҳр 340 муассисаҳои таълимӣ бо фарогирии 20 288 омӯзгорону мураббиён ва 383 282 муҳассилину тарбиятгирандагон фаъолият доранд.

Ҳамчунин, дар шаҳр 61 муассисаҳои тандурустӣ бо фарогирии 12 478 нафар кормандон, 37 адад муассисаи фарҳангӣ бо 844 нафар корманд ва 103 адад ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ фаъолият менамоянд.

Дар рушди иқтисоди шаҳр 464 корхонаи саноатӣ, 42 683 субъекти хоҷагидор, 35 222 соҳибкори инфиродӣ, 2 878 мағоза, 540 муассисаҳои хӯроки умумӣ ва 30 бозорҳои истеъмолӣ саҳмгузор мебошанд.

Шумораи умумии кормандон дар ҳама соҳаҳо 167 568 нафарро ташкил медиҳад.

Бо мақсади сари вақт пешгирӣ намудан аз бемории сироятии коронавирус (COVID-19) бо қарори Раиси шаҳр Ситоди зиддиэпидемикӣ таҳти сарпарастии бевоситаи Раиси шаҳр бо ҷалби мутахассисони соҳавӣ ташкил карда шуда, як зумра корҳо ба субут расонда шудаанд.

Дар ҳамин давра 403 570 нафар кормандони соҳаи маориф ва хонандагону донишҷӯён, 823 нафар кормандон ва ронандагони муассисаҳои нақлиёти ҷамъиятӣ бо кам намудани то 65 фоизи шумораи нақлиётҳо дар хатсайрҳо, 12 бозорҳои фурӯши матоъ ва телефонҳо ва 661 нуқтаҳои хизматрасонӣ бо шумораи 12 818 нафар кормандон ва теъдоди мизоҷони онҳо дар як рӯз 73 786 нафар ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Ба ғайр аз ин, то 30 фоизи кормандони соҳаи хизмати давлатӣ бо шумораи 2 253 нафар ва то 10 фоизи сокинони пойтахт, ки 86 296 нафарро ташкил медиҳад, ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Дар маҷмӯъ, то имрӯз зиёда аз 512 ҳазор сокинони пойтахт ба карантин фаро гирифта шудаанд.

  

  Замима:  Маълумотнома дар шакли ҷадвал пешниҳод мегардад.

Маълумотнома

оид ба шумораи умумии сокинони шаҳр, ки ба карантин фаро гирифта шудаанд.

 

Соҳаи маориф

р/т

муассисаҳо

шумора

омӯзгор

хонанда

1

муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ (мактабҳо)

149

8 863

205 625

2

муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ (боғчаҳо)

137

1 603

29 854

3

мактаб - интернат

6

171

962

4

муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ (литсейи техникӣ)

11

470

5 399

5

муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ (коллеҷҳо)

13

1 653

21 277

6

муассисаҳои таҳсилоти олӣ (донишгоҳҳо)

24

7 528

120 165

      ҳамагӣ : 403 570 нафар

Соҳаи нақлиёт

р/т

муассисаҳо

шумора

корманд

автобус, микроавтобус кам шуданд

1

муассисаҳои мусофиркашӣ

4

263

154

2

муассисаҳои мусофиркаши хусусӣ 

16

560

560

       ҳамагӣ  :  823 нафар

Соҳаи иқтисод ва савдо

р/т

муассисаҳо

шумора

корманд

соҳибкор

мизоҷон

(дар як рӯз)

1

бозорҳои либоса, тел.

12

532

10 014

53 750

2

мағозаҳо

87

-

127

1 710

3

кошонаи ҳусн

152

-

620

2 461

4

сартарошхо-

на

126

-

575

3 450

5

нуқтаи шустушӯи нақлиёт

147

645

-

4 731

6

интернет - кафе ва нуқтаҳои маишӣ

149

305

-

7684

           ҳамагӣ :  12 818нафар ;       мизоҷ: 73 786 нафар

 

Эзоҳ : шумораи мизоҷон, ки  73 786 нафарро ташкил медиҳад, ба руйхати карантин ворид нашудааст.

 Соҳаи саноат

р/т

муассисаҳо

шумора

муваққат. фаъолият бозмонда

 корманд

каратин  

1

корхонаҳои саноатӣ

464

133

20 842

6 300

      ҳамагӣ : 6 300

 Соҳаи   хизмати давлатӣ

р/т

муассисаҳо

шумора

 корманд 

  каратин  

1

корхонаю муассисаҳо  

   172  

  7 511 

2 253

         ҳамагӣ : 2 253

Аҳолии шаҳри Душанбе

р/т

 шумораи оилаҳо

шумораи аҳолӣ

             каратин  

1

   171 945  

     862 967

86 296

         ҳамагӣ : 86 296

 

   Дар маҷмуъ  512 060   нафар сокинони шаҳр ба карантин фаро гирифта шудаанд.

Илова кунед