Тоҷикӣ

ЭЪЛОН: ҚАТЪИ ИНТИҚОЛИ ОБИ НӮШОКӢ ДАР БАЪЗЕ МАҲАЛЛАҲОИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ

09 Ноябри 2020, Душанбе

ш. Душанбе. 09.11.2020. Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» ба таваҷҷуҳи сокинон ва дигар истифодабардагони оби нӯшокии пойтахт мерасонад, ки бо мақсади гузаронидани корҳои таъмирӣ-профилактикӣ дар истгоҳи обтаъминкунии "Худҷореъ" доир ба омодагии ҳамаҷониба ба мавсими тирамоҳу зимистони солҳои 2020-2021 интиқоли оби нӯшокӣ дар ҳудуди:

-ноҳияи Исмоили Сомонӣ, маҳаллаҳои Хуҷамбиёи боло ва поён, Шафақ, А.Соатов, Амиршоев, Заҳматобод, Саҳбо, Қ.Раҳимов, Анзоб, Гулистон, Зайнаб-бибӣ, У.Хайём ва Сари-Осиё, кӯчаҳои П.Толис, Гагарин, Сурхоб, Меҳнат, Карамов, Шевченко, хиёбони Рӯдакӣ (аз буриши кӯчаи У.Хайём то кӯчаи С.Ғанӣ), инчунин Боғи С.Айнӣ, Беморхонаи ҷумҳуриявӣ ва шаҳрчаи тандурустӣ;

-ноҳияи Шоҳмансур, маҳаллаҳои Н.Муҳаммад, Қӯрғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон-1,2, кӯчаҳои Дӯстии халқҳо, А.Дониш, Истаравшан, Ҳусейнзода, Нарзиқулов, Академикҳо Раҷабовҳо ва С.Айнӣ аз хонаҳои 1 то 77;

-ноҳияи Сино, маҳаллаҳои  10,11,12,13,14,15,15А,31, 82,83,84, 91,92,101,102,103,104,112, Зарафшон 1 ва 2, Испечак 1 ва 2, Муҳандис, Меҳробод, Мир Саид Алии Ҳамадонӣ, Навободи боло ва поён, Буни Ҳисорак, Деҳи боло, Панҷруд, Ободкорон, Бунёдкорон, Лучоби боло ва поён, Комсомол, Қазоқон-1 ва 2, Мовароунаҳр, Камонгарон, Шишхона, Яккачинор, Ҳаёти нав, Қарамишикор ва кӯчаи Бобо Ҳамдам аз соати 23-00 рӯзи 11 ноябри соли 2020 то соати 24-00 рӯзи  12 ноябри  соли 2020 қатъ мегардад.

 

Бинобар ин, аз шаҳрвандон ва дигар истеъмолкунандагон хоҳиш карда мешавад, ки миқдори лозимии оби нӯшокиро барои як шабонарӯз захира намоянд.

Илова кунед