Тоҷикӣ

ЭЪЛОН: ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРИ НАВИ ТРОЛЛЕЙБУСӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

25 Январи 2021, Душанбе

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шурӯъ аз санаи 28-уми январи соли 2021 хатсайри троллейбусии №9 (Корхонаи равғанбарорӣ-маҳаллаи Обшорон)  ба фаъолият оғоз менамояд.

Троллейбусҳои наву замонавӣ тавассути хиёбону кӯчаҳои С.Айнӣ ва С.Шерозӣ ҳаракат менамоянд.

Хизматрасонӣ ба мусофирон дар хатсайри мазкур ба воситаи троллейбусҳои муосири тамғаи БК 32100D пешниҳод мегардад.

Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад

 

 

Илова кунед