Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №63 АЗ 08.02.2021

08 Феврали 2021, Душанбе

Дар бораи баргузор намудани мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Рӯзи Модар»

 Бо мақсади ташвиқу тарғиб, рушду равнақи варзиши намуди волейбол байни бонувон, таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» ва моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш»

Қ А Р О Р   М Е К У Н А М :

  1. Мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба волейболи касбӣ ва ғайрикасбӣ байни бонувони вазорату кумитаҳо ва ташкилоту муассисаҳо барои дарёфти «Ҷоми Раиси шаҳри Душанбе» бахшида ба «Рӯзи Модар» дар Муассисаи давлатии «Мактаби махсуси варзишии захираҳои олимпии №5 оид ба бозиҳои варзишӣ»- и Муассисаи давлатии “Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ”-и шаҳри Душанбе аз 10 феврал то 6 марти соли 2021 баргузор карда шавад.
  2. Ҳайати кумитаи тадорукот, тартиби баргузорӣ ва харҷномаи мусобиқа тибқи замимаҳои № 1, 2 ва 3 тасдиқ карда шаванд.
  3. Сарраёсати молияи шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои фонди рушди пойтахт ба бахши муҳосиботи дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе тибқи харҷномаи замимагардида бо дарназардошти андоз маблағи 104 400 (яксаду чор ҳазору чорсад) сомонӣ ҷудо намояд.
  4. Муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарсти соҳа, Муассисаи давлатии «Раёсати кор бо мактабҳо ва иншооти варзишӣ» дар ҳамкорию ҳамоҳангсозӣ бо кумитаи тадорукот, раёсатҳои кор бо ҷавонон ва варзиш, занон ва оилаи шаҳри Душанбе барои даъват ва ҷалби дастаҳои вазорату кумитаҳо, ташкилоту муассисаҳо, инчунин дастаҳои вилоятҳои Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд, Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, ҷиҳати дар сатҳи баланди касбӣ доир гардидани мусобиқаи мазкур чораҷӯӣ намоянд.
  5. Раёсатҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, Хадамоти давлатии оташнишонӣ, Раёсати тандурустии шаҳри Душанбе, Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе ҷиҳати таъмини ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, амнияти шаҳрвандон, хизматрасонии “Ёрии таъҷилӣ” ва бехатарӣ аз сухтор чораҳои зарурӣ андешанд.
  6. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Паёми Душанбе» инъикоси васеи муҳтавои қарор ва рафти баргузории мусобиқаи мазкурро тавассути воситаи ахбори омма таъмин намоянд.
  7. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе ва муовини Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.

  

РУСТАМИ  ЭМОМАЛӢ

Илова кунед