Тоҷикӣ

ҶАМЪБАСТИ ҶОМИ "ПОЙТАХТ-2021" ОИД БА ГӮШТИНИ МИЛЛӢ

21 Марти 2021, Якшанбе

ш.Душанбе.21.03.2021. Рӯзҳои 20-21 март бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе аз 11 марти соли 2021, №148 оид ба баргузор намудани мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ва мусобиқаи кушод оид ба пойгаи аспдавонӣ барои дарёфти ҷоми «Пойтахт-2021» дар Муассисаи давлатии “Наврӯзгоҳ”-и пойтахт мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» баргузор карда шуд.
Дар мусобиқаи мазкур қариб 130 варзишгар аз ВМКБ, вилоятҳои Суғду Хатлон, шаҳру ноҳияњои тобеи ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе ба ҳам омада, дар вазнҳои гуногун қувваозмоӣ намуданд.
Гӯштини миллии тоҷикӣ ҳамчун анъана ба ҷашни Наврӯз шаҳомати хосса бахшида, ягона варзиш ё худ анъанае мебошад, ки мардум махсусан мардон ба хотири қувваозмоӣ дар фасли зебои баҳор гӯштин ва ҷашни Наврӯзро интизорӣ мекашиданд. Аз ин бармеояд, ки гӯштин ва Наврӯз ба ҳам алоқамандии ногусастанӣ доранд, ки бо омадани фасли баҳору ҷашни Наврӯз мардум ба ҳам омада, истиқбол аз боҳору иди Наврӯз мекунанд ва доираи васеъи мардон ба гӯштингирию асптозӣ ва бузкашӣ мепардозанд.
Мусобиқа тибқи қоидаҳои муқаррарнамудаи Федератсияи миллии «Гӯштингирӣ»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида шуд. Дар мусобиқа варзишгарон аз рўи вазнҳои то 65кг, 75кг, 90кг ва +90кг қувваозмоӣ намуданд.
Ғолибони мусобиқаи мазкур бо мукофотҳои пулӣ ва туҳфаҳои хотиравӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе қадрдонӣ карда шуданд. Бояд қайд кард, ки ғолибони ҷойи аввалро дар чор вазн бо шоҳҷоизаҳои мусобиқа 4 автомобил қадрдонӣ намуданд. Ба варзишгарони зинаи дуюмро ишғолнамуда дар чор вазн ба ҳар яки онҳо ба маблағи 10000 (даҳ ҳазор) сомонӣ ва зинаи сеюм бошад ба маблағи 3000 (се ҳазор) сомонӣ ба ҳар як варзишгар аз ҷониби мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе мукофотҳои пулӣ супорида шуд.
Мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштини миллӣ «Гӯштингирӣ» ҳамасола бо мақсади ташвиқу тарғиби гӯштини миллӣ дар ҷумҳурӣ, фароҳам овардани имкониятҳои фароғатию истироҳатӣ ва таъмини оммавияти варзиш дар кишвар, мустаҳкам намудани дӯстиву рафоқат байни варзишгарон, баланд бардоштани маҳорати касбии онҳо, муайян намудани дастаи мунтахаби Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҷалби ҷавонон ба ин намуди варзиш, ҳавасмандгардонии онҳо ва муаррифии паҳлавонон миёни варзишгарони кишвар бо шукӯҳу шаҳомат ва дар сатҳи баланд гузаронида мешавад.
Чорабиниҳои фарҳангиву варзишӣ бахшида ба ҷашни Наврӯз ва Рӯзи Пойтахт, дар дигар корхонаву муассисаҳои пойтахт идома доранд.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед