ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №381 АЗ 02.07.2019
Дар бораи тасдиқи Нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани омӯзиши даъвати тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2019
Бо мақсади омода намудани захираҳои сафарбарӣ, аз ҷумла шаҳрвандони дар эҳтиёт қарордошта, ҷиҳати муташаккилона баргузор намудани мавсими даъвати тирамоҳии соли 2019, тибқи банди 5 Низомномаи мақомоти маҳаллии идоракунии ҳарбӣ, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 декабри соли 2018, №621 тасдиқ шудааст, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии хокимияти давлатӣ» ва моддаи 13 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиа»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
1. Нақшаи чорабиниҳои омодагии муташаккилона ҷиҳати баргузор намудани мавсими даъвати навбатии тирамоҳии шаҳрвандони солҳои таваллудашон 1992-2001 ба хизмати ҳарбӣ дар соли 2019 тибқи замима тасдиқ карда шавад.
2. Муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода У., раисони ноҳияҳои шаҳри Душанбе Юсуфӣ М., Билол И., Самӣ Ш.Ҳ., Салимзода Н.Ф., воҳидхои сохтории дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳамкорӣ бо сохторҳои дахлдор иҷрои саривақтии накшаи мазкурро таъмин намоянд.
3. Раисони ноҳияҳои шахри Душанбе, Раёсати тандурустӣ ва Комиссариати ҳарбии шаҳри Душанбе:
- омӯзиши шаҳрвандони синну соли даъватиро ба роҳ монда, шумораи дақиқи даъватшавандагонро муайян намоянд;
- ҷиҳати ба хизмати ҳарбӣ сафарбар намудани даъватшавандагон то санаи 25 сентябри соли 2019 барои гузаронидани муоинаи пешакии тиббӣ тадбирҳои зарурӣ андешида, даъватшавандагоне, ки гирифтори бемориҳои табобатшавандаанд, дар якҷоягӣ бо марказҳои табобатию солимгардонӣ чораҳои зарурӣ андешанд;
- тибқи тартиби муқарраргардида, баҳри дар сатҳи баланд ташкил намудани даъвати навбатии шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ маблағҳои заруриро барои харидорӣ намудани маводҳои лозима (либос, маводҳои гигиенӣ, дафтардорӣ) ҷудо намоянд;
- барои саривақт ва босифат таъмин намудани маъракаи муҳими сиёсии давлатӣ оиди даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа дар шаҳри Душанбе аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ то 30% нақшаи даъватро аз ҳисоби курсантҳо таъмин намоянд;
- бо дархости комиссарони ҳарбии ноҳияҳои шаҳри Душанбе раисони маҳаллаҳо, муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ, корхонаҳо, марказҳои савдову хизматрасонӣ новобаста аз шакли тобеият вазифадоранд рӯйхати пурраи ҷавонписарони синну соли даъватиро дар муҳлати кутоҳ барои омӯзиш ва омодагӣ ба даъвати ҳарбӣ пешниҳод намоянд.
4. Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе, муассисаҳои давлатии «Телевизиони Душанбе» ва рӯзномаи «Пайёми Душанбе» муҳтавои қарори мазкур ва рафти иҷрои нақшаи чорабинии онро тариқи воситаҳои ахбори омма васеъ инъикос намоянд.
5. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини Раиси шаҳри Душанбе Гуреззода У. вогузор карда шавад.
Рустами Эмомалӣ