ИДОМАИ ВОХӮРИҲО БО СОКИНОНИ ПОЙТАХТ
ш.Душанбе. 25.05.2021. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 78-и ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе дар робита ба иҷрои дастури Роҳбари Дастгоҳи Иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади тарбияи ҷавонону наврасон дар рӯҳияи худшиносиву ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва таҷлили сазовори ҷашни бузурги 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муинӣ Мавсума Муинзода - муовини Раиси шаҳри Душанбе бо сокинони шаҳраки 65-и ноҳияи Фирдавсӣ, устодону омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ ва волидайни толибилмони таълимгоҳҳои ноҳияи мазкур мулоқот доир гардид. Мулоқотро муовини раиси ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе Саодат Шукурова ҳусни ифтитоҳ бахшида, оид ба мақсаду маром ва ҳадафи гурӯҳи таблиғотӣ ба тариқи хеле фишурда иттилоъ дода, ҳозирину меҳмононро хайрамақдам гуфт. Сипас, муовини Раиси шаҳри Душанбе Муинӣ Мавсума Муинзода суханрони намуда, роҷеъ ба аҳамияту муҳиммияти ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, тағйироту дигаргуниҳое, ки дар қаламрави ҷумҳурӣ ва шаҳри Душанбе дар ин марҳала ба вуқӯъ пайваст, бунёди мактабҳои нав дар пойтахт, аҳамияти озмунҳои ҷумҳуриявӣ, сохтмони майдончаҳои варзишӣ ва марказҳои наврасону кӯдакон, тарбияи худшиносию маънавии наврасону ҷавонон, ободу тоза намудани иншооти варзишӣ, боғҳо, сайргоҳу гулгаштҳо, мактабҳои навбунёд, осоишу амният ва сулҳу субот дар мамлакат андешаронӣ намуданд. Дар идомаи мулоқот Ғуломқодир Бобизода - устоди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон (профессор, устоди бахши кимиё), Абдулло Саидов-корманди масъули нашрияи «Халқ овози» (рӯзномаи таъиноти ҷумҳуриявӣ дошта, ки ба забони ӯзбекӣ дар кишвар интишор мешавад), суханрони карда, оид ба заҳмату талошҳои беназир ва нақши боризу созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму иродаи матин, ибтикороту ташаббусҳои Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба вусъат додани корҳои ободонию хуррамгардонӣ ва бунёдкорию созандагӣ дар пойтахт андешаронӣ карданд.