ҶАЛАСАИ СИТОДИ ШАҲРӢ ОИД БА ПЕШГИРӢ АЗ ИНТИҚОЛ ВА ПАҲНШАВИИ БЕМОРИИ СИРОЯТИИ COVID-19 ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ
ш.Душанбе. 10.07.2021. Ҷаласаи навбатии Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе таҳти роҳбарии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва дигар аъзои ситод бо раисони Шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтахт мулоқот намуданд. Зимни наворбардории гурӯҳҳои корӣ дар бозорҳои пойтахт мушоҳида мешавад, ки шумораи зиёди сокинон ба бозорҳо бе ниқоб ворид мешаванд ва ҳамчунин аксарияти фурӯшандагони бозорҳо низ бе ниқоб фаъолият менамоянд, ки ин ҳолат боиси нигаронӣ аст, зикр гардид дар ҷараёни ситод. Аз роҳбарони Шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳои ноҳияҳои пойтах хоҳиш гардид, ки дар ҳудуди шаҳраку маҳаллаҳо низ гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуда, чорабиниҳои ҷашнӣ ва маъракаҳои хурсандивиу азодориро дар мавсими ҷараёни мавҷи навбатии бемории сироятии коронавируси COVID-19 зери назорат гиранд, зеро андак хунукназарӣ дар ин самт метавонад, шумораи зиёди сокинонро ба ин бемории ташвишовар гирифтор намояд. Мушоҳидаҳо нишон медиҳанд, ки новобаста аз таъкидҳои табибону мутахассисон шаҳрвандон дар бархе маврид бениқоб гуштугузор намуда, қойидаҳои беҳдоштро риоя накарда, ҳатто ҳар гуна маъракаҳои серодамро доир менамоянд. Аз ин хотир, корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ баҳри пешгирӣ аз бемории сироятии коронавируси COVID-19 аз нав ба роҳ монда шуданд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки мавҷи навбатии сирояти COVID-19 чандин кишварҳои минтақа ва ҷаҳонро фаро гирифта, ин раванд ҳанӯз ҳам идома дорад. Дар доираи ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе ҳамарӯза бо иштироки роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияҳои пойтахт низ ситодҳо баргузор карда шуда, зимни он масъулин ҷиҳати дар сатҳи баланд бурдани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ вобаста ба гирифтани пеши роҳи паҳншавии бемории сироятии КОВИД-19 муваззаф мегарданд. Мутахассисон изҳор медоранд, ки сабаби асосии паҳншавии ин бемории сироятӣ - риоя накардани қоидаҳои беҳдоштиву масофаи иҷтимоӣ, беэътиноӣ нисбат ба саломатии худу атрофиён ва истифода накардани ниқоб мебошад. Гурӯҳҳои корӣ дар тамоми марказҳои савдою хизматрасонӣ, бозорҳо, ҷамъиятӣ ва дигар маконҳои серодами пойтахт корҳои фаҳмондадиҳиро пеш мебаранд. Тибқи иттилоъ аз 6-уми июл то 9-уми июли соли равон, яъне дар 4 рӯзи фаъолият гурӯҳҳои корӣ бо 30 ҳазору 660 нафар сокинону меҳмонони пойтахт вобаста ба пешигирӣ аз гирифторшавӣ ба ин бемории сироятӣ суҳбат гузаронида шуда, дар ҷараёни он наздики 7000 нафар ниқобҳои муҳофизатӣ тақсим карда шуданд. Айни замон дар шаҳри Душанбе ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии бемории сироятии коронавируси COVID-19 81 гурӯҳи корӣ бо фарогирии 616 нафар аз ҳисоби кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои он, Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, Раёсати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва шуъбаҳои он дар ноҳияҳои пойтахт, Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиш, кор бо занон ва оила, тандурустӣ, Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои пойтахт ва дигар ихтиёриён ба корҳои тарғибу ташвиқнамоӣ ба хотири пешгири аз бемории COVID-19 доир намуда истодаанд. Дар ин замина аз ҷониби гурӯҳҳои корӣ бо 5 ҳазору 459 нафаре, ки аз дигар минтақаҳои ба шаҳри Душанбе ворид гардидаанд, суҳбатҳои инфиродӣ оиди оқибатҳои нохуши ин беморӣ ва пешгириву риояи қоидаҳои беҳдоштӣ аз он гузаронида шудааст. Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз интиқол ва паҳншавии бемории сироятии COVID-19 дар шаҳри Душанбе аз тамоми сокинон ва меҳмонони пойтахтро хоҳиш ва талаб менамояд, ки нисбат ба саломатии худ ва наздиконашон бепарвоӣ зоҳир накарда, барои эмин мондан аз сирояти COVID-19 тибқи дастур ва тавсияи табибон амал намоянд.