МУСОБИҚАИ ҚАИҚРОНӢ БАРОИ ДАРЁФТИ "ҶОМИ ШАҲРДОРӢ" ҶАМЪБАСТ ГАРДИД
11 Июли 2021, Якшанбе
ш.Душанбе. 11.07.2021. Имрӯз ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ мусобиқаи кушоди варзишӣ оид ба қаиқронӣ байни кормандони вазорату идораҳо ва ташкилоту муассисаҳо ва дастаҳои Вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ байни варзишгарони касбӣ ва ғайрикасбӣ (миёни мардон ва занон) бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дарёфти "Ҷоми шаҳрдорӣ" дар баҳри Норак ҷамъбаст гардид.
Дар даври ниҳоии мусобиқа намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва федератсияи қаиқронӣ ба иштирокчиёни мусобиқа барору муваффақият таманно намуданд ва доир ба иқдомҳои наҷибу варзишдӯстонаи Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ суханронӣ намуда, зикр карданд, ки ҳадаф аз баргузории чорабинӣ ин таъмини оммавияти варзишу солимгардонӣ, тарғиби тарзи ҳаёти солим миёни сокинони шаҳр, рушди варзиши қаиқронӣ ва сазовору хотирмон таҷлил намудани ҷашни таърихии 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ғолибони мусобиқаи мазкур чунин муайян карда шуданд:
Каноэ: 1500м калонсолон
1. Набиев Зоҳирчон Душанбе-1
2. Зуҳуров Некрӯз Душанбе-1
3. Шарипов Муҳаммад Душанбе-1
Слалом: 1500м калонсолон
1. Даминов Шаҳриёр Душанбе-1
2. Ҷӯраев Дилшод Душанбе-1
3. Ковалев Иван Душанбе-1
Каноэ: 1500 ҷавонон
1. Ёлкин Тимур Душанбе-2
2. Муродов Собир Душанбе-2
3. Раҷабов Имрон Хатлон
Слалом: 1500м ҷавонон
1. Раҷабов Муҳаммадӣ Душанбе-2
2. Шакаров Комрон Хатлон
3. Даминов Абубакр Душанбе-1
Каноэ: 200м калонсолон
1. Нурмуҳаммади Тоҳир Душанбе-1
2. Баёзов Манучеҳр Душанбе-1
3. Набиев Набиҷон Душанбе-2
Слалом: 200м калонсолон
1. Рустамов Умар Душанбе-1
2. Даминов Мустафо Душанбе-1
3. Беҳрузи Руҳулло хатлон
Каноэ: 200м ҷавонон
1. Ҳаитов Абдурасул Душанбе-2
2. Фаттоев Сайёд Душанбе-2
3. Шарипов Салмон Хатлон
Слалом: 200м ҷавонон
1. Ковалев Павел Душанбе-2
2. Шарипов Фирдавс Душанбе-1
3. Шакаров Шуҳрат Суғд
Каноэ: 200м бонувон
1. Раҳматова Матлуба Душанбе-1
2. Раҳматова Ороста Душанбе-1
3. Набизода Саҳмия Хатлон
Слалом: 200м калонсолон
1. Нодири Муҳаммадулло Душанбе-1
2. Аҳроров Асрор Суғд
3. Тағоев Сироҷ Хатлон
Слалом: 200м ҷавонон
1. Тӯраев Абубакр Душанбе-2
2. Замистонов Шоҳрух Хатлон
3. Бобоҷонов Бобоҷон Суғд
Слалом: 200м калонсолон
1. Нодири Муҳаммадулло Душанбе-1
2. Аҳроров Асрор Суғд
3. Тағоев Сироҷ Хатлон
Слалом: 200м ҷавонон
1. Тӯраев Абубакр Душанбе-2
2. Замистонов Шоҳрух Хатлон
3. Бобоҷонов Бобоҷон Суғд
Дар охир ғолибон аз ҷониби роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе соҳиби Ҷоми шаҳрдорӣ, диплом, медал ва мукофотҳои пулию тӯҳфаҳои хотиравӣ гардиданд.