Тоҷикӣ

ҶАМЪБАСТИ ДАВРИ ШАҲРИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ТОҶИКИСТОН - ВАТАНИ АЗИЗИ МАН»

18 Августи 2021, Чоршанбе

 
ш.Душанбе. 18.08.2021. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 феврали соли 2021, №АП-42 ва қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе аз 18 майи соли 2021, №-285 даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» дар толори Муассисаи давлатии таълимии "Донишкадаи давлатии Фарҳанг ва Санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода", ҷамъбаст карда шуд.
Бояд тазаккур дод, ки даври шаҳрии озмун бо ширкати доираи васеи иштирокчиён ва коршиносону мутахассисони соҳаи фарҳанг натиҷагирӣ карда шуд.
Дар маросими супоридани мукофотҳо муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ аз аҳамияти ин чорабинии фарҳангӣ дар таърихи навини кишвар ёдовар шуда, иштирокчиён ва ғолибони озмунро аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, хоса Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ табрик намуд.
Маврид ба зикр аст, ки дар озмуни шаҳрӣ 167 нафар ғолибони даври ноҳиявӣ аз 4 ноҳияи пойтахт дар 3 номинатсия - композиторӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ маҳорат ва малакаи хешро нишон доданд.
Дар озмун композиторон (оҳангсозон), сарояндагон, навозандагон, ҳунармандон, гурӯҳҳои ҳунарии назди раёсат, шуъба, бахшҳои фарҳанги пойтахт ва ноҳияҳои он, муассисаҳои таълимии соҳаи фарҳангу санъат, сарояндаҳои санъатдӯст ва истеъдодҳои алоҳида иштирок карда, асарҳояшонро дар шакли якка ва гурӯҳӣ пешниҳод карданд.
Пас аз ҳунарнамоии довталабон аз ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Сино, Фирдавсӣ ва Шоҳмансур ҳакамон 66 нафар ғолибонро дар наминатсияҳои оҳангсозӣ, сарояндагӣ ва навозандагӣ дар жанрҳои академӣ, анъанавӣ ва эстрадӣ муайян карданд.
Дар ҷамъбаст Муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ва аъзоёни ҳакамон дар вазъияти тантанавӣ ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман»-ро бо мукофотҳои таъсисдодаи кумитаи тадорукоти озмун қадрдонӣ намуданд.
Қайд бояд кард, ки ғолибони озмун бо мукофотҳои пулӣ ва диплому сипосномаҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шуда, соҳиби роҳхат ба даври ҷумҳуриявии озмуни «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» гардиданд.
Ҷамъомад бо консерти ғолибони даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон - Ватани азизи ман» ҷамъбаст карда шуд.
Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон-Ватани азизи ман» бо мақсади дарёфти истеъдодҳои нави соҳаи санъат, рушди минбаъдаи малакаву маҳорати касбии онҳо, баланд бардоштани мақому маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба касбияти баланди ҳунари иҷрокунандагӣ ва эҷоди асарҳои нави мусиқӣ, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари дастовардҳои замони Истиқлолияти давлатӣ, саҳми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар эъмори давлатдории навини тоҷикон ва тарғибу ташвиқи анъанаҳои арзишманди миллию мероси пурғановати ниёгон ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 
 

Илова кунед