КОНФЕРЕНСИЯИ ИЛМӢ-НАЗАРИЯВӢ ДАР МАВЗӮИ «НАҚШИ ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР ТАНЗИМИ ҶАШНУ МАРОСИМ ВА ТАШАККУЛИ ҲУВВИЯТИ МИЛЛӢ»
23 Сентябри 2021, Панҷшанбе
ш.Душанбе. 23.09.2021. Имрӯз бо ташаббуси мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, бахшида ба 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори марказии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Конференсияи илмӣ-назариявӣ дар мавзӯи “Нақши Истиқлолияти давлатӣ дар танзими ҷашну маросим ва ташаккули ҳуввияти миллӣ” баргузор гардид.
Дар конфренсия масъулин ва кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маркази исломшиносии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастгоҳи Раиси шаҳр ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, намояндагони вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, олимону маҳаққиқон, омӯзгорону донишҷӯён, сархатибони масҷидҳои пойтахт ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок намуданд.
Конференсияро бо сухани муқаддимавӣ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ ифтитоҳ намуд.
Мақсад аз баргузории Конференсияи имрӯза, бо табодули андешаҳо ва афкори коршиносони соҳавӣ ҷиҳати дар шароити соҳибистиқлолӣ ба ҷаҳони нав бо симои нав ва бо урфу одатҳои мутобиқ ба манфиатҳои мардум ворид гардидан, фароҳам овардани заминаи мусоид дар баргузории ҷашну маросим, баланд бардоштани маданияти маъракаороӣ, танзими ҷашну маросим, хубтару беҳтар гардидани шароити иҷтимоӣ ва иқтисодии мардум дар замони соҳибистиқлолӣ маънидод гардид.
Маҳз сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бахши танзими анъана ва ҷашну маросим боис гардид, ки хароҷоти зиёд дар давраи амалкарди қонуни миллӣ, пешгирӣ ва манфиатҳои иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандон ҳимоя карда шавад.
Дар конференсия оид ба паҳлуҳои алоҳидаи дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар танзими анъана ва ҷашну маросим мутахассисони соҳа дар мавзӯъҳои "Истиқлолият ва эҳёи арзишҳои миллӣ", “Нақши Қонуни таҳкими истиқлолияти фарҳангӣ ва фикрии ҷомеаи тоҷик” “Қонуни танзим рушди ҷомеа дар даврони соҳибистиқлолӣ” “Нақши истиқлолияти давлатӣ дар рушди арзишҳои ахлоқӣ ва эҳёи фарҳанги маъракаороӣ” ва ғайра бо маърӯзаҳои пурмуҳтаво баромад карданд.
Дар ҷараёни кори конференсия миёни маърӯзачиён ва ҳозирин суҳбатҳои озоду самимӣ матраҳ гардида, иштирокчиён ба суолҳои худ посухҳои қаноатбахш гирифтанд.