Тоҷикӣ

ҶАЛАСАИ РАИСИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН, РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ МУҲТАРАМ РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ БО РОҲБАРОНИ МАҚОМОТИ ҲИФЗИ ҲУҚУҚИ ШАҲР

01 Ноябри 2021, Душанбе

 
  ш. Душанбе. 01.11.2021. Имрӯз Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр ва бо иштироки Раиси Суди шаҳри Душанбе ҷаласа доир намуд. Дар ҷаласа масъалаи рафти тафтишоти пешакӣ ва корҳои анҷомдодашуда аз рӯи ҳодисаи ҷароҳати ҷисмонӣ бардоштани шаҳрванд Мамадҷонова Мадина баррасӣ гардид.
Прокурори шаҳр гузориш дод, ки дар асоси дастури Раиси шаҳр корҳои муайяне анҷом дода шуда, айни замон нисбати Давлятова Азиза ва Давлятов Лутфулло бо аломатҳои дахлдори Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, гумонбарон барои содир намудани ҷинояти мазкур дастгир карда шудаанд.
  Раиси шаҳр ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дастур доданд, ки ҷиҳати баррасии саривақтии муроҷиатҳои сокинони шаҳр, ки дар сомонаҳои иҷтимоӣ нашр мешаванд, тадбирҳои зарурӣ андешанд. Ҳамзамон, ҷиҳати тақвияти кори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, софдилона иҷро намудани вазифаҳои хизматӣ аз ҷониби кормандони сохторҳо ва мақомоти судӣ, пешгирии кирдорҳои коррупсионӣ зимни татбиқи қонунҳо ва тафтиши парвандаҳои ҷиноятӣ корбарии ҷиддӣ намоянд.
  Дар охир мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муваззаф гардид, ки барои ҳаматарафаю пурра ва обективонаи тафтишоти парвандаи ҷиноятӣ чораандешӣ намоянд.

Илова кунед