ИДОМАИ ВОХӮРИЮ МУЛОҚОТҲО ДАР ПОЙТАХТ
ш.Душанбе. 28.11.2021. Мулоқоту вохӯриҳои гурӯҳи таблиғотӣ ҷиҳати тақвияти корҳо дар самти тарбияи ҷавонону наврасон дар руҳияи худшиносию ватандӯстӣ, ҳифзи худогоҳии миллӣ, арзишҳои олии инсонӣ, идомаи анъанаҳои неки бунёдкориву созандагӣ ва дастовардҳои 30-соли Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин навбат бо иштироки гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе бо роҳбарии гурӯҳ аз ҳисоби муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ миёни роҳбарият ва донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон доир гардид. Зимни мулоқоти навбатӣ изҳор гашт, ки ҳамасола ҷиҳати баррасии дастовард ва самтҳои сиёсати дохиливу хориҷии мамлакат Паёми сарвари давлат ба Маҷлиси Олӣ ироа мегардад, ки дар асоси он дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар гурӯҳҳои корӣ бо мақсади шарҳу тавзеҳи Паём таъсис дода мешаванд. Гурӯҳи кории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе низ маҳз бо ҳамин мақсад таъсис гардидааст ва пас аз суҳбату мулоқот бо сокинони касбу кори гуногун, шаҳраку маҳаллаҳо ва сохторҳои дар пойтахт фаъолияткунанда, бо донишҷӯёни макотибҳои олии мамлакат доир шуда истодааст. Зимни суханронии муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз гардид, ки айни замон, ҷаҳон дар ростои шадидтарин буҳронҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва ахлоқиву фарҳангӣ қарор дорад. Дар чунин вазъият кишваре метавонад, аз ин буҳронҳо эмин бошад, ки фарзандони донишманд, фазои орому осуда, суботи сартосарӣ дошта бошад. Имрӯзҳо, ки оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар фазои кишвари озоди мо танинандоз аст, бояд ҳар сокини мамлакат ба қадри ин неъмат бирасанд ва дар ҳифзу нигоҳдошти ин оромӣ ҳамеша талош намоянд. Дар вохӯрӣ таъкид гардид, ки имрӯзҳо гурӯҳҳои манфиатҷӯйи давлатҳои абарқудрат бо истифода аз номи дини мубини Ислом ва эътиқоду имони мардумӣ мусалмононҳоро барои пиёда кардани манфиатҳои геополитикии худ истифода намуда, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои тундгаро ҷалб менамоянд, ки оқибат онҳо даст ба задухурдҳои мусаллаҳона мезананд ва ба ин васила оромии кишварҳои ҷаҳонро халалдор месозанд. Дар натиҷа шаҳру деҳоти зиёд харобу валангор гардида, мардуми зиёд имрӯз овораву саргардонанд, ки ҳадафи ин гурӯҳи терористиву эктримистӣ на ҳимояи ислому мусалмонон, балки сарнагунсозии арзишҳои олии исломӣ ва фарҳангу тамаддуни умумибашарӣ мебошад. Аз ин хотир, аз омӯзгорони Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон даъват карда шуд, ки корҳои фаҳмондадиҳиро дар ин самт миёни ҷавонон густариш диҳанд. Зимни суханронӣ қайд гардид, ки Истиқлоли миллӣ шарафу номуси миллати озодихоҳ, рамзу саодат, соҳибихтиёрии миллӣ, нишонаи пойдориву бақои миллат аст. Аз он ифтихор менамоем, ки халқи мо бо сарварии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳибихтиёрии давлат ва рушду камоли онро таъмин намуда, инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои онро арзиши олӣ ҳисобида, ҷомеаи навини демократии ҳуқуқбунёд ва адолатпарварро бунёд карда истодааст. Истиқлол барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вақт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Инчунин бо мақсади иҷрои талаботи Қарори Раиси шаҳри Душанбе оид ба тарғиби маданияти шаҳрниршинӣ, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, густариши корҳои ободонӣ, риояи талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва «Танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин навбат вохӯрии мулоқоти гурӯҳи корӣ дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ бо омӯзгорон ва донишҷуён доир гардид. Дар мулоқот зикр гардид, ки риояи ҳатмии муқаррароти фарҳанги шаҳрнишинӣ вазифаи ҳар як сокини пойтахт ба шумор меравад ва масъулияти баланди шаҳрнишиниро тақозо мекунад. Вобаста ба ин, пайваста аз тарафи гурӯҳҳои таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар ҳама гӯшаву канори пойтахт корҳои фаҳмондадиҳӣ миёни аҳолӣ, донишгоҳу донишкадаҳо доир ба фарҳанги шаҳрнишинӣ, одоб ва маърифатнокии ҷавонон, тарбияи дурусти насли наврас, ба амалҳои номатлуб даст назадани ҷавонон гузаронида мешавад. Дар идома ҳамзамон доир ба баланд бардоштани сатҳи худогоҳии ҷавонону наврасон ва дар замири онҳо баланд намудани меҳри ватандӯстиву меҳанпарастӣ низ иброз гардид.