Тоҷикӣ

ИДОМАИ БОМАРОМИ МУЛОҚОТУ ВОХӮРИҲОИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ ИҶРОИЯИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТИИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО СОКИНОНИ ПОЙТАХТ, ОИД БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН МУҲТАРАМ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН

20 Январи 2022, Панҷшанбе

   ш. Душанбе. 21.01.2022. Дар баробари сохтору мақомоти дигари шаҳри Душанбе, дар муассисаҳои тиббии пойтахт низ вобаста ба шарҳу тавзеҳи Паёми сарвари давлат ба Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниву мулоқотҳо баргузор гардида истодаанд. Мулоқоти навбатӣ дар Муассисаи давлатии маҷмааи тандурустии “Истиқлол” баргузор гардид. Дар он нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси олии мамлакат мавриди шарҳ қарор гирифт. Зимни баромади худ муовини Раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ иброз намуд, ки шарҳу тавзеҳи ин санади раҳнамо дар асоси нақшаи мулоқоту вохуриҳои роҳбарияти мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дар сохтору идораҳои гуногун идома додрад. Дар Паёми имсола Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳор доштанд, ки ҷиҳати рушди соҳаҳои илму маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ин муддат аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузории буҷети давлатӣ зиёда аз 97 миллиард сомонӣ равона гардид. Дар 30 соли истиқлолияти давлатӣ 3 ҳазору 240 муассисаи нави таълимӣ барои 1 миллиону 400 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд. Инчунин зимни баромади иштирокчиён қайд карда шуд, ки дар Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намуданд: мо талош дорем, ки барои ҳар як сокини мамлакат шароити зиндагии шоистаро муҳайё созем ва ҳамаи нақшаву барномаҳоямон маҳз ба хотири амалӣ гардонидани ҳамин ҳадафи олии давлат қабул ва амалӣ карда мешаванд. Бо вуҷуди корҳои анҷомдодашуда ва дастовардҳои зикргардида, ҳамчунин, ҷиҳати ҳалли пурраи мушкилоти мавҷуда Ҳукумати мамлакат вазифадор аст, ки минбаъд низ ба масъалаҳои баланд бардоштани гуногунсамтиву рақобатнокии иқтисоди миллӣ, густариши раванди рақамикунонии иқтисод, татбиқи «иқтисоди сабз», саноатикунонии босуръат, истифодаи технологияҳои инноватсионӣ ва рушди нерӯи инсонӣ афзалият дода, дар ин замина рушди устувору сифатноки иқтисоди миллиро таъмин намояд.
   Рушди соҳаи тандурустӣ ва ҳифзи солимии аҳолӣ, ки яке аз бахшҳои муҳим мебошад, минбаъд низ ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон боқӣ мемонад. Дар Паёми навбатии худ Сарвари давлат иброз доштанд, ки “тайи 30 соли Истиқлоли давлатӣ ҷиҳати беҳтар намудани солимии сокинони кишвар ва ба роҳ мондани фаъолияти самарабахши ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ усулҳои муосири ташхису табобат роҳандозӣ гардида, нерӯи зеҳнии соҳа ва инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ таҳким ва тавсеа пайдо кард. Дар давоми 30 соли истиқлолият барои соҳаи тандурустӣ 187 000 нафар табиб ва корманди миёнаи тиббӣ тайёр карда шудааст. Вобаста ба зиёд гардидани ҳаҷми маблағгузории соҳаи тандурустӣ садҳо муассисаи нави тиббӣ бунёд ва бо таҷҳизоти муосири тиббӣ, нақлиёти санитарӣ ва дигар лавозимоти тиббӣ таъмин карда шуданд”.
Дар ҷамъомади навбатӣ намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатиии шаҳри Душанбе ва ноҳияи Исмоили Сомонӣ кормандони соҳаҳои ободонӣ, кабудизоркунӣ ва сокинону фаъолони ноҳия иштирок намуда, доир ба самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакат, ба роҳ мондани корҳои созандагию ободонӣ, тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи донишомӯзӣ ва ҳунарандӯзӣ, баланд бардоштани эҳсоси ватанпарастӣ, пешгирии шомилшавии сокинон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, пешгирии хурӯҷи бемориҳои сироятӣ сухан рафт. Дар ҷараёни вохӯрӣ Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат мавриди шарҳу тафсир қарор гирифта, гуфта шуд, ки Паём ҳамчун дастурамали фаъолият вазифаҳои моро муайян намуда, аз ҳар яки мо тақозо менамояд, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои роҳбари давлат софдилонаву содиқона меҳнат намуда, барои фардои гулафшони Ватани азизамон саъю кӯшиш намоем. Тавре гуфта шуд, солҳои охир дар пойтахт корҳои ободониву кабудизоркунӣ вусъати тоза пайдо кардааст, ки ин ҳама дар доираи дастуру супоришҳои роҳбарияти олии мамлакат ва шаҳрдори Душанбе амалӣ карда шудаанд. Дар идома Паёми навбатии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун барномаи фаъолият барои кормандони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқ арзёбӣ гардид. Бо такя ба суханҳои Президенти кишвар гуфта шуд, ки муҳайё намудани шароити арзанда барои наврасону ҷавонони кишвар ва дар шароити муосир, азбар намудани донишҳои замонавӣ аз қабили техникаву технология, бозгӯ аз он менамояд, ки ин табақаи ҷомеа зери таваҷҷуҳ ва дастгирии Ҳукумати кишвар қарор доранд. Ҳамин аст, ки имрӯз саҳми ҷавонон дар пешбурди ҷомеа назаррас аст.
   Ҳамингуна мулоқот бо сокинону фаъолони ноҳияи Синои пойтахт низ аз ҷониби гурӯҳи 3-уюми таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе баргузор шуд. Аъзои гурӯҳ вобаста ба нуктаҳои Паём бо мисолҳои мушаххас андешаҳои худро баёнд доштанд. Ҷойи таъкид аст, ки бинобар аҳамияти бузурги соҳаи саноат дар рушди минбаъдаи мамлакат, ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодӣ ва таъмин намудани иҷрои ҳадафҳои стратегии миллӣ, аз ҷумла раванди саноатикунонии босуръати кишвар роҳбари давлат пешниҳод намуданд, ки солҳои 2022–2026, яъне то ҷашни 35-солагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон «Солҳои рушди саноат» эълон карда шаванд. Дар ин давра бояд беш аз 500 ҳазор ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфта, даромади пулии аҳолӣ беш аз 2 баробар зиёд гардад ва ҳиссаи табақаи миёнаи аҳолӣ ба 45 фоиз расонида, дар натиҷа сатҳи камбизоатӣ то 15 фоиз коҳиш дода шавад. Иҷрои ин ҳадафҳо ба масъулини мақомоти маҳаллӣ низ бевосита марбут аст. Аз ин рӯ даъват шуд, ки ширкатдорони ин мулоқот низ дар заминаи имконияти худ саҳмгузорӣ намоянд. Дар идома гуфта шуд, ки бо амалисозии лоиҳаҳои бузурги бунёду таҷдиди иншооти энергетикии мамлакат мо итминон дорем, ки дар 7 соли оянда иқтидорҳои энергетикии кишварро ба 10 ҳазор мегаватт расонида, ба яке аз ҳадафҳои стратегии давлат, яъне истиқлолияти комили энергетикӣ муваффақ шавем. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироаи Паём таъкид доштанд, ки ҳукумати мамлакат бо дарназардошти тағйирёбии глобалии иқлим ва зарурати рушди энергетикаи «сабз» бояд то охири соли 2022 Стратегияи рушди «иқтисоди сабз» дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро қабул карда, татбиқи онро таъмин намояд. Ҳамчунин, ҷиҳати рақамикунонии бомароми иқтисоди миллӣ ва ташаккул додани заминаи технологии он ба ислоҳоти соҳаи алоқа тақвият бахшида, гузариши тадриҷӣ ба иқтисоди рақамӣ ва хизматрасониҳои рақамӣ дар ҳамаи соҳаҳо таъмин карда шавад. Ташкили чунин мулоқотҳои судманд дар ноҳияҳои шаҳр бо иштироки кормандони касбу кори гуногун идома дорад.
   Ҳамчунин дар Театри таҷрибавии тамошобини ҷавон ба номи Муҳаммадҷон Қосимов вохӯрии гурӯҳи таблиғотии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе оид ба шарху тавзеҳи моҳияти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлисчи Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кормандони соҳаи фарҳанг доир гардид. Зимни баромад зикр гардид, ки фарҳанг ҳамчун омили асосии тарбияи маънавию ахлоқии ҷомеа ва муаррифгари таърих ҳамеша таҳти таваҷҷуҳи Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Бояд тазаккур дод, ки аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон вобаста ба таъриху фарҳанг ва тамаддуни миллати куҳанбунёди тоҷик дар дохили кишвар ва дар арсаи байналмилалӣ иқдомоти зиёде амалӣ гардида истодаанд. Ҳифзи мероси фарҳанги моддиву ғайримоддии миллати бостониамон, ки гувоҳи зиндаи таърихи халқамон мебошад, вазифаи муҳимтарини мо – ворисони ин мероси бузург ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон гуфта шуд, эҳёи арзишҳои миллӣ ва ҳифзу тарғиби ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ барои баланд бардоштани рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ ва худогоҳиву хештаншиносии мардум, хусусан, наврасону ҷавонон бисёр муҳим мебошад. Инчунин гуфта шуд, ки ба шарофати соҳибихтиёрӣ мо арзишҳои бостонӣ ва расму ойинҳои неки миллиамонро эҳё карда, онҳоро ба хотири баланд бардоштани худогоҳиву худшиносии ҳамватанонамон ва муаррифии шоистаи халқи куҳанбунёдамон дар арсаи ҷаҳон рушд дода истодаем, ки «Шашмақом», «Фалак», Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада аз ҷумлаи онҳо мебошад. Зикр бояд кард, ки ҳадаф аз ташаббусҳои Тоҷикистон дар бахши фарҳанг ва маориф дар ҳамкорӣ бо ниҳоди Созмони Милали Муттаҳид оид ба фарҳанг, илм ва маориф, таҳкими раванди муколама оид ба ҳифзи мероси фарҳангӣ, муаррифии таърихи қадимаи тоҷикон ва фарҳанги бостониву ғании миллатамон мебошад.
Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи моҳияти Паёми навбатии Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳраку маҳаллаҳо ва корхонаву муассисаҳои гуногуни пойтахт мулоқоту вохуриҳои роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе идома доранд. Дар асоси нақшачорабиниҳои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳрии Душанбе мулоқоти навбатии гурӯҳи 4-уми таблиғотӣ бо фаъолон ва сокинони ноҳияи Фирдавсӣ баргузор шуд. Дар мулоқот таъкид шуд, ки дар бист соли охир рушди миёнасолонаи иқтисодиёт дар сатҳи 7,5 фоиз таъмин гардида, маҷмӯи маҳсулоти дохилии мамлакат аз 1,8 миллиард сомонии соли 2000-ум то 95 миллиард сомонӣ дар соли 2021 ва даромади буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонӣ ба 28 миллиард сомонӣ расонида шуд. Яъне маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ қариб 53 баробар ва буҷети давлатӣ 111 баробар зиёд гардида, ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ беш аз 30 баробар афзоиш ёфт. Дар ин давра дар кишвар зиёда аз 2000 корхонаи истеҳсолӣ бунёд гардида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ нисбат ба солҳои аввали соҳибистиқлолӣ қариб чор баробар афзоиш пайдо кард. Дар идомаи доир ба дигар бандҳои Паёми сарвари давлат низ ширкатдорони мулоқот баромад намуда, таъикд доштанд, ки иҷрои супоришҳои барномавии сарвари адвлат, ки зимни ироаи Паём ба сохтору мақомоти дахлдор пешниҳод шуд, барои таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва рушди бахшҳои иқтисодиву иҷтимоӣ заминаи мусоидро фароҳам менамояд. Зеро Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун дастури роҳнамо барои дилхоҳ бахшу соҳаҳо хизмат мерасонад.
 

Илова кунед