Тоҷикӣ

ВОХӮРИИ МУОВИНИ ЯКУМИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ БО КОРМАНДОНИ СОҲАИ СОХТМОНИ ПОЙТАХТ, ВОБАСТА БА ШАРҲУ ТАВЗЕҲИ МОҲИЯТИ ПАЁМИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БА МАҶЛИСИ ОЛИИ МАМЛАКАТ

21 Январи 2022, Ҷумъа

   ш.Душанбе. 21.01.2022. Дар толори Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии шаҳри Душанбе вохӯрии муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон бо масъулину кормандони соҳаи сохтмони шаҳрӣ вобаста ба шарҳу тавзеҳи нуктаҳои муҳими Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Нахуст муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе Қурбонзода Амирхон сухан карда, зикр намуд, ки дар низоми муосири давлатдории мо Паёми Пешвои миллат ҳуҷҷати муҳими расмӣ-барномавӣ ва муайянкунада буда, яке аз роҳҳои ифодаи равшани рушди иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва фарҳангиву сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дарбаргирандаи барномаи мукаммали тамоми ниҳодҳо арзёбӣ мегардад. Паём сухани самимии Пешвои миллат барои ҳар як ҳамватан, пайғоми пурифтихори насли имрӯз ба наслҳои фардо ва муждаи созанда дар роҳи пурифтихори рушди давлатдории тоҷикон мебошад. Таъкид карда шуд, ки дар доираи манфиатҳои миллӣ мустақилона муайян гардидани сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар тавассути ироаи Паёми Президенти кишвар ба маҷлиси Олӣ ва дар симои он ба тамоми мардуми кишвар амалӣ мегардад, ки дар ҳақиқат як тантанаи давлатдории миллӣ ва амалӣ шудани ормонҳои таърихи халқи тоҷик мебошад. Таъкид шуд, ки Пешвои миллат дар Паёмашон тамоми самтҳои давлатдориро бори дигар таҳлилу баррасӣ намуда, вазифаҳоро барои фаъолият дар соли ҷорӣ тарҳрезӣ карданд.
   Мақсади вохӯрии мазкур ин дар амал тадбиқ намудани дастуру супоришҳои дар Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъулини муассисаҳои соҳавии кишвар мебошад. Дар идома аз иштирокдорон даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри ободии кишвари азизамон шаҳри Душанбе ҳамеша саҳмгузор бошанд.
Бояд гуфт, ки чунин сӯҳбату мулоқотҳои судманд бо аҳли кормандон ва роҳбарони сохторҳои шаҳри Душанбе аз ҷониби масъулину сохторҳои пойтахт пайваста роҳандози мегардад. 

 

Илова кунед