ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №69 АЗ 17.02.2022
Дар бораи муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз истгоҳи обтаъминкунии «Худҷореъ»
Бо мақсади пайваст намудани қубури оби нушокӣ қутраш 600мм ба шоҳқубури амалкунандаи қутраш 600 мм ва иваз намудани луқидони қутраш 600мм дар гузаргоҳи якуми кӯчаи Мирзо Турсунзода, бо инобати муроҷиати Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Кристал Сохтмон» аз 11 феврали соли 2022, №06, мутобиқи моддаҳои 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»
ҚАРОР МЕКУНАМ:
- Нақша чорабиниҳои замимагардида оид ба муваққатан қатъ намудани интиқоли оби нӯшокӣ аз шоҳқубури қутраш 600 мм ва иваз намудани луқидони қутраш 600 мм дар кӯчаи Мирзо Турсунзода тасдиқ карда шавад.
- Ба инобат гирифта шавад, ки дар ҷараёни иҷрои корҳои пайвастшавӣ ба қубури оби нушокӣ ва иваз намудани луқидон тибқи нақша интиқоли оби нӯшокӣ дар суроғаҳои зерин: -ноҳияи Исмоили Сомонӣ: кӯчаҳои Носири Хусрав, Ибни Сино, Умари Хайём, гузаргоҳи якуми Мирзо Турсунзода, Мирзо Турсунзода, Лоиқ Шералӣ, Мирсаид Миршакар, Шотемур, Пушкина, Теҳрон, Бухоро, Академик Раҷабовҳо, Ҳ. Ҳусейнзода, А. Лоҳутӣ, К. Беҳзод; - ноҳияи Шоҳмансур: маҳаллаҳои Қурғон, Хоруғ, Баҳорӣ ва Бадахшон 1 ва 2, кӯчаҳои Дӯстии Халқҳо, Аҳмади Дониш, Истаравшан, Ҳ. Ҳусейнзода, А. Нарзиқулов, Академик Раҷабовҳо ва С. Айнӣ қатъ мегардад.
- Раиси ноҳияҳои Исмоили Сомонӣ, Шоҳмансур ва директори Корхонаи воҳиди давлатии «Обу корези Душанбе» дар давраи иҷрои корҳои ба нақша гирифташуда, бо истифода аз мошинҳои обкашӣ, сокинони минтақаҳоро тибқи банди 2 қарори мазкур бо оби нӯшокӣ таъмин намоянд.
- Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологии шаҳри Душанбе дар ҷараёни иҷрои корҳои таъмирӣ, таъмини аҳолиро бо оби нӯшокӣ мутобиқ ба талаботҳои санитарию эпидемиологӣ таҳти назорат қарор диҳад.
- Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе инъикоси васеъи қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма таъмин намояд.
- Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе, сарпарасти соҳа гузошта шавад.
РУСТАМИ ЭМОМАЛӢ