Тоҷикӣ

ЭЪЛОН: ИФТИТОҲИ ХАТСАЙРИ АВТОБУСӢ ДАР ШАҲРИ ДУШАНБЕ

06 Апрели 2022, Чоршанбе

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ба таваҷҷуҳи сокинон ва меҳмонони пойтахт мерасонад, ки шуруъ аз санаи 12 апрели соли 2022, дар заминаи хатсайри микроавтобусии №15, хатсайри нави автобусии №15 (Маҳаллаи 103-юм - шаҳраки 192-193-и маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур)  ба фаъолият оғоз менамояд.

Автобусҳо дар хатсайри мазкур тавассути кӯчаву хиёбонҳои М. Шерализода, Б. Ғафуров, Шамсӣ, А. Сино, С. Шерозӣ, С. Айнӣ, Ғ. Валаматзода, М. Назаршоев, А. Дониш, Д. Халқҳо ва шаҳракҳои 192-193-и  маҳаллаи Ховарони ноҳияи Шоҳмансур ҳаракат менамояд.

Аз шаҳрвандон хоҳиш карда мешавад, ки аз хизматрасонии автобусҳои муосири тамғаи “KING LONG” истифода баранд.

Пардохти ҳаққи роҳкиро тариқи корти нақлиётӣ ба роҳ монда мешавад.

Илова кунед