Тоҷикӣ

ҚАРОРИ РАИСИ ШАҲРИ ДУШАНБЕ №312 АЗ 22.06.2022

22 Июни 2022, Чоршанбе

Дар бораи даъват намудани иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 

Мутобиқи моддаҳои 12, 19 ва 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ»,

                                                              ҚАРОР  МЕКУНАМ:

 1. Иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум 14 июли соли 2022, соати 900 дар толори бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ - 40 даъват карда шавад.

2. Ба рӯзномаи иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум масъалаҳои зерин дохил карда шаванд:

2.1. Дар бораи рафти иҷрои барномаҳои давлатӣ вобаста ба амалӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ - коммуникатсионӣ ва рушди системаи такмили ихтисос ва бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2022 дар шаҳри Душанбе.

2.2. Дар бораи амалишавии «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025» дар шаҳри Душанбе.

2.3. Дар бораи пеш аз муҳлат қатъ намудани ваколати вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе аз ҳавзаҳои интихоботии № 11, 15 ва 62.

2.4. Дар бораи таъин намудани интихобот дар ҳавзаҳои интихоботии № 11, 15 ва 62.

2.5. Дар бораи таъсис додани Комиссияи шаҳрии интихобот оид ба интихоботи Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе.

2.6. Дар бораи тасдиқи қарорҳои Раиси шаҳри Душанбе.

  1. Барои омода намудани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия гурӯҳи корӣ тибқи замимаи 1 таъсис дода шавад.
  2. Вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум тибқи замимаи 2 дар ҳавзаҳои интихоботӣ бо интихобкунандагон вохӯриҳо баргузор намуда, аз натиҷаи онҳо ба гурӯҳи корӣ оид ба такмил додани масъалаҳои рӯзномаи иҷлосияи даҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, даъвати шашум то санаи 8 июли соли 2022 таклифҳои мушаххасро пешниҳод намоянд.
  3. Шуъбаи иттилооти дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе бо тартиби муқарраргардида муҳтавои қарори мазкурро тавассути воситаҳои ахбори омма ба самъи сокинони пойтахт расонида, таклифу пешниҳодҳои вобаста ба иҷлосия воридгардидаро ба гурӯҳи корӣ манзур созад.
  4. Назорати иҷрои қарори мазкур ба зиммаи роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе Саидзода Т.Н. гузошта шавад.

                                                               Рустами   Эмомалӣ

 

 

 

             

Илова кунед