Тоҷикӣ

Муовинони Раис

 

 

Муовини якуми Раиси шаҳри Душанбе

ШАРИФӢ Бахтиёр

 

 

 

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

ОДИЛЗОДА Дилбар Раҳим

 

17 марти соли 1972 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 1994 Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлобро хатм намудааст.

Фаъолияти кориро соли 1994 ба ҳайси омӯзгор дар муассисаи таҳсилоти умумии №28 шурӯъ намуда, то соли 1996 дар ҳамин вазифа кор кардааст.

Аз соли 1997 то соли 2004 дар вазифаи директори муассисаи таҳсилоти миёнаи №15 шаҳри Кӯлоб фаъолият намуда, бинобар сабаби иваз намудани ҷои зист солҳои 2004-2006 дар боғчаи №18-и шаҳри Душанбе ба ҳайси муррабия кор кардааст.

Соли 2006 то соли 2008 ба сифати муррабия дар кӯдакистони №126-и шаҳри Душанбе, соли 2008 то соли 2010 мудири кӯдакистони №127-и шаҳри Душанбе, соли 2010 то соли 2011 муовини мудири шуъбаи маорифи шаҳри Душанбе, соли 2011 мутахассиси пешбар ва муовини сардори раёсати кадрҳо ва корҳои махсуси Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2011 то соли 2015 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе, соли 2015 то соли 2017 мудири шуъбаи маорифи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, соли 2017 то 2018 ба ҳайси муовини аввали директор Муассисаи давлатии Маркази таҳсилоти иловагии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2018 то соли 2020 дар вазифаи директори муассисаи давлатии мактаби Президентӣ барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Кӯлоб фаъолият намудааст. 

Аз соли 2020 то моҳи апрели соли 2022 вазифаи муовини якуми раиси шаҳри Кӯлобро ба уҳда дошт.

Моҳи феврали соли 2022 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъин гардид.

 

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

АБДУРАҲМОНЗОДА Абдураҳмон Сафаралӣ

*Соли таваллуд: 11.11.1988 

*Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

*Миллат: тоҷик

*Таҳсилот: олӣ

*соли 2010 Донишкадаи Ню-Йорки, Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро (рӯзона) хатм кардааст

*соли 2012 Донишгоҳи миллии Тоҷикистонро (рӯзона) бо дипломи Магистр хатм кардааст

*Ихтисос иқтисодиёти ҷаҳон

*Унвони илмӣ магистр (айни ҳол дар раванди ҳимояи рисолаи номзадии илмӣ дар мавзӯи “Институтсионализатсияи равандҳои ҳамгироии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Низоми Байналмилалии Савдо” қарор дорад)

*Забонҳои русӣ, туркӣ ва англисиро медонад

Соли 2016 бо Ифтихорномаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барои хизматҳои арзанда дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ, рушди соҳаҳои иќтисодиёт ва савдо дар даврони истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардонида шудааст

*Вазъи оилавӣ оиладор, соҳиби 3 фарзанд

*Суроға шаҳри Душанбе 

*аз моҳи январи соли 2023 дар мансаби Муовини Раиси шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунад.

*Кор ва фаъолияти собиқа:

2012-2013   Мутахассиси шуъбаи ҳамкорӣ бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

2013-2015   Мутахассиси пешбари Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

2015-2018   Сармутахассиси Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иќтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;

2017   Тибқи розигии Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 феврали соли 2017, №1798 (29-8) дар доираи Барномаи таҷрибаомӯзии Донишкадаи такмили ихтисос ва ҳамкории техникии Созмони Умумиҷаҳонии Савдо дар Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи СММ ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ дар Женева;

2016 -2018   Ҳамзамон ба ҳайси омӯзгори соатбай (о,25 воҳиди корї) аз фанни «Иқтисодиёти ҷаҳон» дар Кафедраи муносибатҳои байналмилалии Факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон;

2018-2020   Сардори Раёсати ҳамкориҳо бо Созмони Умумиҷаҳонии Савдои Сарраёсати сиёсати савдо ва бозори истеъмолии Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе;аз 24 декабри соли 2016, №529  бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Котиби масъули Кумитаи ҳамоњангсоз оид ба соддагардонии расмиёти савдо;

2020-2023   Муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Аз январи

2023 то ҳол   Муовини Раиси шаҳри Душанбеи Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

 

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

 

 

 

 

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

                                                                                                                                                   ХОЛМУҲАМАДЗОДА Сорбони Амирхонӣ

 

 

 

*Соли таваллуд: 18 июни соли 1991

*Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

иллат: тоҷик

*Таҳсилот: олӣ

*Ихтисос - 1. электроэнергетика, 2. иќтисодиёт ва ташкили истеҳсолот дар энергетика

*Забонҳои русӣ ва англисӣ

*Унвони илмӣ - номзади илмҳои техникӣ 

 Вазъи оилавӣ оиладор

                      Фаъолият ва собиқа:

Солҳои 2007 – 2011  Донишҷӯи Донишгоҳи энергетика ва алоқаи шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон.

Солҳои 2012 -2015   Донишҷӯи магистратураи Донишгоҳи техникии Тоқикистон ба номи академик М.С.Осимӣ,

Солҳои 2011 - 2013  Мутахассиси пешбари раёсати сохтмони асосии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоқикистон,

Солҳои 2013 - 2014  Сармутахассиси раёсати сохтмони асосии Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Соли 2014 (03-04)   Сармутахассиси раёсати мониторинги сохтмони иншооти обӣ ва энергетикии Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Соли 2014 (04-09)   Иҷрокунандаи мансаби муовини сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, 

Солҳои 2014 – 2022 Сардори раёсати электроэнергетикаи Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон,

Солҳои 2022 - 2024 Муовини Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, 

Аз  соли 2023 - муовини Раиси шаҳри Душанбе. 

 

 

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

РАҲИМЗОДА Толиб Карим

3 июли соли 1979 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ.

Соли 2000 бо дараҷаи бакалавр, соли 2002 бо дараҷаи магистр Донишгоњи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоњтемурро бо ихтисоси агроном хатм намудааст.

Соли 2000 фаъолияти кориро ба ҳайси агрономи ассотсиатсияи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар  ноҳияи Рӯдакӣ оғоз намуда, то соли 2007 дар вазифаҳои мутахассиси ассотсиатсияи истифодабарандагони оби «Куктош» (ноҳияи Рӯдакӣ), мутахассиси пешбар, сармутахассиси Бозрасии назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин, Кумитаи давлатии ҳифзи муҳити зист ва хоҷагии ҷангали ҶумҳурииТоҷикистон адои хизмат намудааст.

Солҳои 2007-2008 дар вазифаҳои сармутахассиси Бозрасии махсусгардонидашудаи назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Хадамоти назорати давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи табиат, Вазорати кишоварзӣ ва ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият кардааст.

Дар солҳои 2008 то 2014 бошад, ҳамчун мутахассиси пешбари шуъбаи назорати истифода ва ҳифзи замин ва муомилот бо партовҳои Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сардори шуъбаи ҳифзи муҳити зисти ноҳияи Рӯдакӣ, Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон адои вазифа намудааст.

Аз соли 2014 то соли 2017 вазифаи сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти шаҳри Душанбероба уҳда дошт.

15 марти соли 2017 муовини Раиси шаҳри Душанбе таъйин гардид. 

 

 

Муовини Раиси шаҳри Душанбе

                                                                                                                                                                   ФАҚЕРЗОДА Рустам Раҳим

 

 

*Соли таваллуд: 27 июли соли 1974

*Ҷои таваллуд: Ҷумҳурии Тоҷикистон

иллат: тоҷик

*Таҳсилот: олӣ

*Ихтисос - иқтисодчӣ, олим – агроном, ҳуқуқи иқтисодӣ

*Забони русиро медонад

*Унвони илмӣ - надорад 

 Вазъи оилавӣ оиладор

                      Фаъолият ва собиқа:

 

 Солҳои 1992-1997    Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии шаҳри Кӯлоб

 Солҳои 1999-2011   Раиси хоҷагии деҳқонии <<Сорбон>>-и ноҳияи Восеъ

 Солҳои 2011-2015  Сармутахассиси раёсати кишоваризии ноҳияи Восеъ.

 Солҳои 2015-2022   Сардори раёсати кишоваризии ноҳияи Восеъ

 Солҳои 2022-2024   Муовини якуми раиси ноҳияи Восеъ

 Аз 30 январи соли 2024   Муовини Раиси шаҳри Душанбе



Илова кунед