Тоҷикӣ

Матбуот

Китобро дар Осиёи Марказӣ ҳанӯз аз асрҳои 9 – 6 то м. медонистанд. Санъати саҳҳофӣ анъанаи ҳазорсола дорад. Эҷодкорон ва саҳҳофонро аз қадим ҳурмату эҳтиром мекарданд. Номи хаттотон, минётурнигорон, лаввоҳон ва саҳҳофони машҳур ба аксари ҳамзамонон маълум буд. Хати зебои хаттотон ҳамчун асари санъат, бо меҳру муҳаббат ҷамъоварӣ мешуд. Онҳо манзили одамонро оро медоданд. Дастхатҳои бо табъи баланд, шерозаҳои зебо, минётураҳо ва ғ. ородода ба чашм ҷило мебахшанд, аз санъати фавқулоддаи офарандагони боистеъдоди онҳо шаҳодат медиҳанд.
Танзими дастхатҳо кори басо душвор, заҳматталаб ва гарон буд. Танҳо одамони сарватманд китоб харида метавонистанду халос.
Ташаккул ва санъати нашри китоб дар Тоҷикистон дар шароити басо мураккаб ба вуқӯъ пайваст. Дар ҳудуди Тоҷикистони ҳозира то инқилоб корхонаҳои полиграфӣ ва табъу нашр вуҷуд надоштанд, муҳаррирон, тарҷумонҳо, мусаҳҳеҳон ва полиграфистони миллӣ қариб ки набуданд. Бинобар ин дар ибтидо нашри ки-тобҳо берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ сурат мегирифт. Агарчи Нашриёти давлатии Тоҷикистон окт. 1925 таъсис ёфта буд (аз с. 1964 «Ирфон»), маҳсулоти он солҳои аввал дар Самарқанд, Тошканд, Санкт-Петербург, Қазон, Симферопол чоп мешуд. Матбааи аввалин с. 1924 дар Душанбе ташкил шуд. Коллективи чопхона дар хонаҳои похсадевори қамишпӯш ба кор оғоз кард; коғаз, ранг, мошинҳои чоп намерасиданд. Бо вуҷуди ин чопи китобҳо ба забони тоҷикӣ ба роҳ монда шуд. Соли 1925 – 4 ва 1926 – 13 номгӯй китоб бо теъдоди бештар аз 56 ҳаз. нусха чоп карда шуд.
Солҳои баъди ҷанг теъдоди нашри китоб дар Душанбе хеле афзуд. Дар ин кор Матбааи аввалимни Душанбе (ҳоло ҶС «Матбуот») – базаи асосии полиграфии ҷумҳурӣ, ки с. 1934 сохта шуд, нақши калон бозид. Минбаъд дар пойтахт нашриёту чопхонаҳои нав ба истифода дода шуданд: нашриёти АИ ТҶ – «Дониш» (1964), «Тоҷикучпедгиз» (1958; с. 1963 бо Нашриёти давлатии Тоҷикистон муттаҳид карда шуд, ҳоло «Ирфон»), Кумитаи давлатии табъу нашр (Шӯъбаи Тоҷикистонии идораи марказии омори ИҶШС, 1948; аз 1964 нашриёти иттиҳодияи давлатии «Союзучетиздат», ҳоло «Санадвора»), Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Советии Тоҷик (1969; ҳоло ЭМТ), Комбинати полиграфӣ (1976) ва ғ. 
Соли 1963 дар назди Шӯрои Вазирони Тоҷикистон Кумитаи давлатӣ оид ба корҳои наш-риёт таъсис ёфт, ки баъд ба Кумитаи давлатии ҶШС Тоҷ. оид ба корҳои нашриёт, полиграфия ва савдои китоб табдил дода шуд. Ҳоло ба корҳои табъу нашр Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мебарад.
Дар Душанбе чунин чопхонаю нашриётҳо фаъолият доранд: «Матбуот», Комбинати полиграфии Душанбе, «Санадвора», «Шарқи Озод», «Ирфон», «Маориф ва фарҳанг», «Адиб», «Дониш», Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи Миллии Тоҷик. Ҳамчунин бештар аз 30 корхонаҳои хурди полиграфӣ мавҷуданд: «Универсал – 3», «Сарпараст», «Деваштич», «Империал», «Эр-граф», «Авесто» ва ғ.
Баъди соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ кори корхонаҳои полиграфӣ мувофиқи талаботи замон беҳтар гардид. Дар ҶС «Матбуот» ва нашриёти «Шарқи Озод» дастгоҳҳои нави ҳозиразамон насб карда шуданд. Дар натиҷа раванди истеҳсолот кӯтоҳ ва сифати чопи китобҳо беҳтар гардид.


МАТБУОТИ ДАВРӢ


Дар Душанбе аввалин нашрияи даврӣ рӯзномаи «По босмачу!» буд, ки аз дек. 1923 дар гарнизони Душанбе ба забони русӣ чоп мешуд. Рӯзнома масъалаҳои бозсозии иқтисодӣ ва сиёсии ҷумҳуриро тавзеҳ дода, деҳқононро ба муборизаи зидди босмачиён даъват мекард.
Марти 1925 рӯзномаи «Иди тоҷик» ва «Бедории тоҷик» (окт. 1928 «Тоҷикистони сурх», аз с. 1955 «Тоҷикистони советӣ» ном гирифт; ҳоло «Ҷумҳурият») ба табъ мерасиданд.
Соли 1925 рӯзномаҳои «Советский Таджикистан» (с. 1955 «Коммунист Таджикистана» ном гирифт; ҳоло «Народная газета»), «Қизил Тожикистони» (баъд «Совет Тожикистони» ном гирифт; ҳоло «Халқ овози») чоп мешуданд. Соли 1930 рӯзномаҳои «Комсомоли Тоҷикистон» (ҳоло «Ҷавонони Тоҷикистон»), с. 1932 «Пионери Тоҷикистон» (ҳоло «Анбоз»), «Барои маорифи коммунистӣ» (баъдтар «Газетаи муаллимон» ва с. 1959 «Маориф ва маданият» ном гирифт), аз с. 1938 «Сталинская молодеж», «Комсомолец Таджикистана» ба табъ мерасиданд. Соли 1981 «Маориф ва маданият» ба ду рӯзномаи мустақил тақсим шуд: «Газетаи муаллимон» (ҳоло «Омӯзгор») ва «Маданияти Тоҷикистон» (аз майи 1984 «Адабиёт ва санъат»).
Соли 1968 шумораи аввали рӯзномаи «Вечерний Душанбе» – нашрияи комитети шаҳрии ҲК ш. Душанбе (ҳоло газетаи шахсӣ) ва с. 1990 шумораи нахустини рӯзномаи «Паёми Душанбе» – нашрияи Шӯрои депутатҳои меҳнаткашони ш. Душанбе (ҳоло рӯзномаи ҷамъиятию сиёсии пойтахт) чоп мешаванд.
Дар Душанбе ҳамчунин 4 рӯзномаи ноҳиявӣ ба табъ мерасад: «Шоҳмансур» (1997) – нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳ. Шоҳмансур, «Сино» (1998) – нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳ. Сино, «Файзи истиқлол» (2001) – нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳ. Исмоили Сомонӣ, «Фурӯғ» (2002) – нашрияи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳ. Фирдавсӣ.
Дар тӯли 80-соли пойтахт эълон шудани Душанбе, маҷаллаҳои зиёде ба табъ расиданд. Маҷаллаи аввалин – «Дониш ва омӯзиш» с. 1926 нашр шуд. Он маҷаллаи сиёсӣ, таълимӣ ва тарбиявии Вазорати маориф буда, ҳамагӣ ду шумора баромад. Солҳои 1927 -30 ба забони тоҷикӣ моҳвораи оммавию сиёсӣ ва адабию бадеии «Раҳбари дониш» ба табъ расид (шумораи аввали он бо номи «Дониш биниш» чоп шуд). Соли 1932 маҷаллаҳои «Инқилоби маданӣ» (аз с. 1938 «Мактаби советӣ», ҳоло «Маърифат») ва «Барои адабиёти сотсиалистӣ» (аз с. 1938 «Шарқи Сурх» ва с. 1966 «Садои Шарқ» ном гирифт) дастраси хонандагон гадиданд. Аз с. 1933 маҷаллаи тиббии «Здравоохранение Таджикистана», с. 1936 маҷаллаи «Коммунисти Тоҷикистон», с. 1952 маҷаллаи «Пионер» (ҳоло «Истиқбол»), ҳамчунин маҷаллаҳои «Хоҷагии қишлоқи Тоҷикистон», «Агитатори Тоҷикистон», «Русский язык», «Хорпуштак», «Памир» ба табъ расиданд.
Ҳоло дар Душанбе 4 рӯзномаи давлатии ҷумҳуриявӣ («Садои мардум», «Ҷумҳурият», «Народная газета», «Халқ овози), 22 рӯзномаи ҳизбу ҳаракатҳои гуногун, 64 рӯзномаи соҳавӣ ва диг. нашрияҳои иттилоотӣ-рекламавӣ чоп мешаванд; 6 агентии иттилоотӣ, 21 рӯзномаи хусусӣ («Азия плюс», «Авиценна», «Чархи гардун», «Оила» ва ғ.) ва 57 маҷалла («Садои Шарқ», «Фирӯза», «Фарҳанг», «Истиқбол», «Чашма», «Хорпуштак», «Шифо» ва ғ.) мавҷуданд.
Радио. Аввалин радиостансия дар Душанбе с. 1934 ба кор оғоз кард. Он барои эҳтиёҷи муассисаҳои алоқа ва қисмҳои ҳарбӣ истифода бурда мешуд. 19 янв. 1928 кумитаи вилоятии ҲК(б) Тоҷикистон масъалаи радиофикатсияро муҳокима кард. 19 окт. с. 1928 ШКХ ҶМШС Тоҷ. лоиҳаи радиофикатсияро ба нақшаи панҷ-солаи якум дохил намуд. 10 апр. с. 1930 Рӯзи Радио эълон карда шуд. 12 апр. с. 1930 аз соати 07 пагоҳӣ то соати 12 бегоҳӣ тавассути канали ягона радиошунавонии бе танаффус оғоз ёфт. 15 апр. бори аввал консерти оркестри созҳои мардумӣ шунавонида шуд.
Нахустин барномаи расмии радио аз Хонаи деҳқон (ҳоло Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский) бурда шуд. Яке аз нахустин гуфторҳои он «Радиогазета» ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва ӯзбекӣ буд. 29 янв. с. 1930 КИМ ва ШКХ ҶШС Тоҷ. дар бораи ташкил намудани Кумитаи радиои ҷумҳурӣ қарор қабул карданд. Ҳайати кории кумита аз 4 коргари штатӣ – котибони масъули радиогазета иборат буд. Ба кори онҳо Ҳ. Ҳайдаров (раис) роҳбарӣ мекард.
Нахустин наттоқи радио актрисаи Театри давлатии драмаи русии ба номи В. Маяковский Агриппина Ржевская буд. Минбаъд кори ӯро журналистон С. Зоҳидов, М. Рустамова, Ф. Арабов, С. Қосимова ва А. Қосимов идома доданд.
Соли 1933 дар Душанбе радиостансияи нав ба кор даромад.
Солҳои 50 радио корро тавассути мавҷрабоҳои самтдор дар мавҷҳои дароз ва кӯтоҳ оғоз намуд. Дар Теари опера ва балет нуқтаи транслятсия насб карда шуд, магнитофонҳои идоравӣ ва хабарнигорӣ пайдо шуданд.
Соли 1957 бо сохта шудани маркази телевизион стансияи мавҷҳои ултракӯтоҳ ба кор даромад, барои шунавонидани садоҳои стереофонӣ имконият пайдо шуд. Баробари ба истифода додани Хонаи радио ҳаҷм ва доираи гуфторҳои радио вусъат ёфт.
Ҳоло гуфторҳои радио тавассути 4 барнома ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ, ӯзбекӣ, англисӣ, немисӣ, арабӣ пахш мегарданд. Ҳаҷми умумии гуфторҳои радио аз 45 соат зиёд аст. Аз авг. с. 1998 барномаи аввали радио ба гуфторҳои шаборӯзӣ гузашт. Радиои тоҷик дар мамлакатҳои ҳамсоя – Ӯ збекистон, Қирғизистон, Афғонистон, Эрон ва мамолики араб низ шунавандагони зиёд дорад.
Аз с. 1999 шабакаи мустақили радиои «Садои Душанбе» ба забонҳои тоҷикӣ ва русӣ фаъолият дорад. Дар пойтахт ҳамчунин шабакаҳои мустақили «Азия-Плюс» ва «Ватан» мавҷуданд.
Радиои «Азия-Плюс» аввалин гуфтори худро 9 сент. 2002 дар Рӯзи истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз намуд. Ҳаҷми барномаҳои он дар як шаборӯз 18 соат буда, ш. Душанбе ва ноҳияҳои атрофи онро фаро мегирад. Гуфтор- ҳояш ба забонҳои тоҷикӣ ва русист.
Радиои «Ватан» авг. с. 2002 ба қайд гирифта шудааст. Гуфторҳои худро расман 7 майи с. 2003 оғоз кард. Радиои иттилоотӣ, шавқангез ва фар-ҳангию маърифатист. Ҳаҷми барномаҳояш дар як шаборӯз 24 соат, доираи фарогириаш ш. Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он аст. 
Редаксияҳои радио ба тарбиятгоҳи мутахассисони рӯзноманигор табдил ёфтанд. Дар онҳо дастпарварони Донишгоҳҳои давлатии Москва, Санкт-Петербург, Тошкент ва фак-ти журналистика ва тарҷумонии ДДМТ кор мекунанд.
Соли 1932 дар назди Кумитаи давлатии радио Ансамбли ҳофизон ва навозандагони халқӣ ташкил карда шуд. Дар он М. Мӯминов, А. Сарсиқов, М. Бурҳонов, А. Ҷӯраев, Ҳ. Мақсудов ва диг. шомил шуданд. Соли 1936 аз ҳисоби ҳофизони радио ва артистони Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ дар назди Кумитаи радио оркестри асбобҳои халқӣ ва с. 1966 таҳти роҳбарии Ф. Шаҳобов ва Ш. Соҳибов, гурӯҳи мақомхонон, ҳамчунин ансамбли эстрадии «Гулшан», ансамбли рақсии «Зебо» (1978), ансамбли «Дарё (1989), ансамбли «Фалак» (2001), ансамбли рақсии «Гулрез» (2002) ташкил ёфтанд. Соли 2001 ба ансамбли «Шашмақом»-и Кумитаи давлатии телевизион ва радиои ҶТ мақоми давлатӣ дода шуд. Дар консертҳои рӯзмарраи радио сурудҳои халқии тоҷикӣ, классикӣ, ҳамчунин сурудҳои дигар миллатҳои сокини ҷумҳурӣ ва ҷаҳон, асарҳои бастакорон садо медиҳанд. Артистони телевизион ва радио – Б. Исҳоқова, Н. Раҳматова, З. Аминзода, Н. Рауфова, М. Эргашева, М. Набиева, М. Ҳамроқулова, О. Орифов, Б. Неъматов, Х. Ширинова, К. Қурбонов, Д. Баҳромов, С. Билолов, Л. Азизова, У. Зиёев ва диг. дар байни аҳолӣ обрӯю эътибори хоса касб кардаанд.


ТЕЛЕВИЗИОН

Сохтмони студияи телевизиони Душанбе бо манораи баландиаш 197 м с. 1957 (дар 4 га замини хоҷагии орупарварӣ) сар шуд. Нахустин намоиши он 3 нояб. 1959 ба вуқӯъ пайваст: баранда – журналист Рафоат Абдусаломова аз оғози кори Студияи телевизиони Душанбе мужда расонд. Дар аввали кор барномаҳо номунтазам буданд. Аз 1 авг. с. 1960 студияи телевизион ба намоиши барномаҳои ҳамарӯза гузашт. Дар бунёди студияи теливизиони тоҷик муҳандисон Е. Ю. Горбатий, Г. А. Ракошин, М. С. Солиев саҳм гузоштанд. Соли 1967, баъди ба кор даромадани хати релеии Душанбе – Тошкент, сокинони ҷумҳурӣ барои тамошои барномаҳои Москва ва Тошкент имконият пайдо намуданд. Соли 1975 дастгоҳи қабули мавҷҳо «Лотос» ПТС, с. 1977 ст. сайёри видео, с. 1980 дастгоҳи «Перспектива» ба кор даромад. Аз ҳамин давра телевизион пурра ба тасвири ранга гузашт. Ҳоло студияи рангаи телевизион бо воситаҳои техникии ҳозиразамон ҷиҳозонида шудааст, намоишҳои телевизиони Душанберо дар тамоми гӯшаву канори ҷумҳурӣ тамошо мекунанд.
Телевизион дар ҳаёти одамон мавқеи хос пайдо карда ба воситаи тавонои тарбияи идеявию сиёсӣ ва эстетикӣ табдил ёфт. Тавассути телевизион тамошобинон на танҳо оид ба ҳодисаҳои дар мамлакат ва ҷаҳон рухдода ахбори фаврӣ мегиранд, инчунин аз санъат, адабиёт, фарҳанги халқҳои ҷаҳон, анъанаҳои ахлоқӣ ва миллии тамаддуни ҷаҳонӣ огоҳӣ меёбанд, репортажу очеркҳои телевизионии ҳаётан муҳим, филмҳои тасвирию бадеиро тамошо мекунанд, бо ходимони барҷастаи фарҳангу варзиш шинос мешаванд.
Студияи «Телефилм»-и тоҷик филмҳои бадеӣ таҳия месозад, ки «Об аз куҷо меояд?», «Нақшунигори муҳаббат», филм-консерти «Орзу», «Дӯсти ман – Зебо», барномаҳои публитсистию шавқангези «Мавқеъ», «Набзи сайёра», «Офарин», «Дар остонаи аср», «Равзанаи олам», «Ҳамшаҳриҳо», «Меҳвар», «Корвон» ва ғ. аз ҷумлаи онҳоанд.
Соҳибистиқлол гардидани ҷумҳурӣ натанҳо ба давраи нави таърихи халқи тоҷик ибтидо гузошт, ҳамчунин гузаришро аз иқтисодиёти нақшавии сотсиалистӣ ба низоми муносибат-ҳои бозорӣ таъмин намуд. Ин боиси тағйироти азими ҳаёти иҷтимоию фарҳангии ҷомеа гардид. Дар назди дастгоҳи Президенти ҶТ дар ҳайати журналисти телевизион А. Усмонов ва оператори телевизион А. Саломов гурӯҳи эҷодӣ ташкил карда шуд, ки сафарҳои сарвари давлатро ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва мамлакатҳои ҷаҳон шарҳ медиҳанд.Ҳамзамон дар телевизион рубрикаҳои нав, редаксияҳои барномаҳои сиёсӣ, аз қабили «Мавқеъ», «Бахтномаи мо», «Сарбози Ватан», «Набзи айём», «Масъулият», «Мизон», «Нигориши матбуот» ва ғ. ба вуҷуд омаданд. Барномаҳои иқтисодӣ ба барқарорсозии неруи иқтисодии ҷумҳурӣ ва татбиқи шаклҳои нави хоҷагидорӣ равона шудаанд: «Тарзи нави хоҷагидорӣ», «Иқтисоди бозаргонӣ», «Бозаргон», «Кишоварз», «Роҳи умед» ва ғ.
Ох. с-ҳои 90 асри гузашта дар телевизиони тоҷик гурӯҳҳои нави эҷодӣ пайдо шуданд: телевизиони «Субҳ» (ҳар рӯз пагоҳӣ 2 соат ба эфир мебарояд), «Парасту» (намоишҳои «Калидчаи заррин», «Силуэт» ва ғ.), «Кошона» (намоишҳои «Кошона», «Шаҳри занҳо» ва ғ.), гурӯҳи «Шабоҳанг», иттиҳодияи телевизионии «Эҳё» (дар заминаи «Тоҷиктелефилм») ва ғ.
Соли 1998 дар телевизиони тоҷик шӯъбаи тар-ҷума ба фаъолият оғоз кард. Даҳҳо филмҳои бадеӣ ба забони тоҷикӣ тарҷума шуданд: «Сиёҳу сафед» (4 серия), «Таърихи баҳрҳои ҷанубӣ» (21 серия), «Корномаи Туретский» (12 серия), «Модагург», филмҳои ҳуҷҷатии «Шаҳрҳои калон», «Занҳои бузурги олам» ва ғ.
Редаксияи барномаҳои иттилоотию шавқангез, ки с. 1998 ташкил шудааст, намоишҳои «Оила», «Гули маҳтоб», «Парванд», «Кошонаи Лайлӣ ва Маҷнун», «Ст-шоу», «Лаҳзаҳои гуворо», «Ману дунё»-ро пешкаши тамошобинон мегардонад. 
Редаксияи адабӣ-драмаӣ намоишҳои «Фарҳанг ва мардум», «Садои шеър», «Фархунднома», «Навигариҳои фарҳангӣ», «Гули умед», «Беғараз панд», «Адиб ва ҷомеа», «Саҳифаҳои эҷодиёт»-ро таҳия месозад. Дар телевизиони тоҷик намоиш додани шабҳои эҷодии шоирону нависандагон аз Хонаи адибони ба номи М. Турсунзода анъанаи хубе шудааст.
Бо дастгоҳи мукаммали видеоии системаи Витака–SP таҷҳизонидани телевизион боиси пайдоиши жанри нави бадеию публитсистӣ– видеофилм гардид. Солҳои охир дар ин замина филмҳои ҳуҷҷатии «Тоҷикони ҷаҳон» (10 қисм), «Аз хокдон то кайҳон», «Аз Хатлон то Ҳамадон», «Даҳ қадами устувор», «Ва об офариданд», «Муқовимат», «Қуллаи мурод», «Наврӯз» ва даҳҳо филмҳои дигар, видеофилмҳои бадеии «Пилтапеч», «Дар орзуи падар», «Муҷассамаи ишқ» офарида шуданд. Шӯҳрати редаксияҳои нави афкори умум ва тадқиқоти сотсиологӣ афзуд. Намо-ишҳои «Тозиёна», «Додрас», «Гуфтугӯи мустақими телевизионӣ», «Афкор» ва ғ. таъсири калони ҷамъиятию сиёсӣ доранд. Шӯъбаи барномаҳои варзишӣ «Дунёи варзиш», «Гол бо А. Бӯриев» ва ғ. барин намоишҳо таҳия месозад.
Дар Душанбе ширкати телевизионии «Пойтахт» ташкил карда шудааст, ки намоиши аввалини он 8 сент. с. 1996 ба эфир баромад. Аввалин ширкати телевизионии ҷамъиятӣ дар Тоҷикистон мебошад, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ш. Душанбе ва 8 корхонаи калони пойтахт сохта шудааст. Намоишҳои онро сокинони ноҳияҳои ба пойтахт наз-дик низ тамошо мекунанд.



Илова кунед