Тавсияи методии «Тарзҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ва ташкили ширкатҳои соҳибмулкони манзил»
Замимаи 1
Ба Қарори Раиси шаҳри Душанбе
№603 аз 10 декабри соли 2009
Тавсияи методии «Тарзҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ
ва ташкили ширкатҳои соҳибмулкони манзил»
1.Муқаррароти умумӣ.
2.Самтҳои аввалиндараҷа.
3.Маҷлиси умумӣ – омодасозӣ ва гузаронидан.
4.Идоракунии бевоситаи соҳибмулкон дар биноҳои бисёрхонагӣ.
5.Идоракунии Ширкати соҳибмулкони манзил.
6.Идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ аз ҷониби ташкилоти идоракунанда.
7.Озмун оид ба интихоби ташкилоти идоракунӣ
8.Муқаррароти хотимавӣ
Тавсияи методии мазкур дар асоси муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 № 542 «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил», Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида барои фаҳмондадиҳӣ ва расонидани кумак ба соҳибмулкони манзил ҷиҳати интихоби шакли идоракунӣ пешбинӣ шудааст.
- Муқаррароти умумӣ
То ба тасвиб расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хусусигардонии фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз 4 ноябри соли 1995 квартираҳо (минбаъд хона) бо манзилҳои истиқомативу ғайриистиқоматӣ ва молу мулки умумии онҳо дар биноҳои бисёрхонагӣ дар моликияти давлатӣ (коммуналӣ) қарор дошта, нигоҳдорӣ ва идоракунии онҳо тавассути идораву раёсатҳои истифодабарии манзил амалӣ мегашт. Қисми ками биноҳои бисёрхонагӣ дар моликияти кооперативҳои манзилӣ-сохтмонӣ ва идораҳо қарор доштанд. Бо татбиқи Қонуни зикргардида, манзилҳои истиқоматӣ асосан ройгон хусусӣ гардонидашуда, ду моликиятдор пайдо намуданд:
- шаҳрванд, ки манзили истиқоматиашро хусусӣ гардонидааст;
- раёсат ё идораҳои хоҷагӣ – коммуналӣ, ки истифодабарии бинои бисёрхонагӣ ва молу мулки умумиро амалӣ менамуданд.
Мутобиқ ба талаботи моддаи 11 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 № 542 «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» соҳибмулкон дар муддати 6 моҳ аз рўзи қабули Қонун бояд яке аз намудҳои идоракунии бинои бисёрхонагиро интихоб намоянд:
Идоракунии бевосита аз ҷониби соҳибмулкони манзил;
2. Идоракунӣ тавассути Ширкати соҳибмулкони манзил;
3. Идоракунӣ тавассути ташкилот ё корхонаи идоракунӣ, новобаста аз шакли моликият.
Бояд дар назар дошт, ки дар ҳолати аз тарафи соҳибмулкони манзил интихоб нагардидани ягон тарзи идоракунии зикргардида, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия, тибқи тартиби муайянгардида озмуни кушод ҷиҳати интихоби ташкилоти идоракунанда барои идоракунии бинои бисёрхонагӣ гузаронида мешавад.
Қарор дар бораи интихоби тарзи идоракунӣ дар маҷлиси умумии соҳибмулкон (дар оянда маҷлиси умумӣ) қабул карда мешавад ва иҷрои он барои ҳамаи соҳибмулкони бинои бисёрхонагӣ ҳатмӣ мебошад. Бояд қайд намуд, ки ташкил ва гузаронидани маҷлиси умумӣ аз ҷониби соҳибмулкон (бо ташаббуси онҳо) имконнопазир мебошад ва бояд гуруҳҳои ташаббусӣ барои гузаронидани корҳои фаҳмондадиҳиву тарғиботӣ дар мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳо ташкил карда шаванд.
Мутобиқ ба талаботи моддаи 24 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон мақомотҳои иҷроияи маҳаллӣ ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳо бояд кўмаки ҳамаҷониба ба соҳибмулкони манзил ҷиҳати иҷрои вазифаҳо ва таъмини ҳуқуқҳои онҳо, ки Кодексҳои гражданӣ ва манзилӣ муқаррар намудаанд, расонад.
Ҷиҳати ин, мақомотҳои иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳо бояд корҳои фаҳмондадиҳиву иттилоотӣ байни шаҳрвандон (бо истифодаи воситаҳои ахбори омма), семинар ва омузишҳои фаъолону дигар соҳибмулкони манзилро гузаронанд. Ҳатман бояд қайд намуд, ки ҳамчун ташаббускори гузаронидани маҷлиси умумии соҳибмулкони бинои бисёрхонагӣ ё гуруҳи биноҳои бисёрхонагие, ки бо коммуникатсияҳои умумии муҳандисӣ пайваст мебошанд, метавонад мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия баромад намояд.
2.Самтҳои аввалиндараҷа.
Барои интихоби тарзи идоракунӣ бояд таҳлили ҳолати техникии бинои бисёрхонагӣ гузаронида шуда, ҳайати соҳибмулкон аз рўи категорияҳои иҷтимоӣ, шумораи онҳо, масоҳатҳое, ки онҳо соҳибмулки менамоянд ва имконияти умумии соҳибмулкон ҷиҳати маблағгузории нигоҳдории бинои бисёрхонагӣ, гузаронидани пурсиши соҳибмулкон нисбати кадом тарзи идоракунии бинои бисёрхонагӣ онҳо ҷонибдор мебошанд, гузаронида шавад. Бояд муқаррароти Қонуни мазкур ҳатман то ҳар як соҳибмулки бинои бисёрхонагӣ фаҳмонида шавад.
Бояд қайд намуд, ки соҳибмулкони манзил метавонанд аз иштирок дар идоракунии бинои бисёрхонагӣ тамоман даст кашанд ва мунтазири аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ноҳия муайян намудани ташкилоти идоракунӣ бошанд. Дар ин ҳолат бо соҳибмулконе, ки мавқеъи худро муайян накардаанд, бояд вохурии иловагӣ ва корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида шавад.
Бояд қайд намуд, ки қарор нисбати интихоби тарзи идоракунӣ танҳо маҷлиси умумии соҳибмулкони манзил бароварда метавонад, зеро он мақомоти идоракунии бинои бисёрхонагӣ мебошад ва иҷрои қарорҳои он барои ҳамаи соҳибмулкон ҳатмӣ мебошад.
Бо назардошти он, ки дар кулли биноҳои бисёрхонагӣ утоқҳои барои гузаронидани машварату маҷлис вуҷуд надоранд, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия утоқи муносиб дар шаҳрак барои гузаронидани маҷлисҳои умумии соҳибмулкони манзилро бояд пешбинӣ намояд.
- Маҷлисиумумӣ – омодасозӣ ва гузаронидан.
Барои гузаронидани маҷлиси умумӣ аз ҷониби гуруҳи ташаббусие, ки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия барои таъмини иҷрои Қонуни мазкур таъсис медиҳад, бояд огоҳинома ба ҳар як соҳибмулк омода ва дар мўҳлати то 10 руз то оғози маҷлиси умумӣ расман расонида шавад. Ҳамзамон, бояд эълон оиди даъвати маҷлиси умумӣ дар бинои бисёрхонагӣ (даромадгоҳ, лифт ва ғайра) овезон карда шуда, ҳатман бояд мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия огоҳонида шуда, дар мавриди имконият намояндаи он даъват карда шавад.
Дар огоҳинома оиди даъвати маҷлиси умумӣ бояд нишондодҳои зайл дарҷ карда шаванд:
1) маълумот оид ба шахсе, ки бо ташаббуси он маҷлиси умумӣ даъват карда мешавад;
2) шакли гузаронидани маҷлиси умумӣ;
3) руз, ҷой, ва вақти гузаронидани ҷаласа;
4) рўзномаи маҷлиси умумӣ;
5) тартиби шиносоӣ бо маълумотҳое, ки дар маҷлиси умумӣ баррасӣ мешаванд ва бо онҳо дар куҷо ва чӣ тавр шиносоӣ кардан мумкин аст.
3.1. Гузаронидани маҷлиси умумӣ.
Маҷлиси умумӣ ҳисобида мешавад (кворум дорад) ҳангоми иштирок дар он аз панҷоҳ фоиз зиёди соҳибмулкон ё намояндагони онҳо, ки ҳуқуқи иштирок доранд. Дар ҳолати риоя накардани кворум маҷлиси умумӣ гузаронида намешавад.
Ҷаласаро намояндаи гуруҳи ташаббуси ё соҳибмулк - шахсе, ки бо ташаббуси он ҷаласаи умумӣ даъват шудааст ё намояндаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳия ифтитоҳ намуда, мақсад ва тартиби гузаронидани маҷлиси умумӣ, тартиби муайян ва ҳисоби овоздиҳиро мефаҳмонад. Соҳибмулки манзил танҳо соҳиби як овоз вобаста ба моликияти худ мебошад. Барои гузаронидани маҷлиси умумӣ раисикунанда барои гузаронидани маҷлис, котиб – барои бурдани суратмаҷлис ва комиссияи ҳисоботӣ барои ҳисоби овозҳо интихоб карда мешаванд.
Қарори маҷлиси умумӣ оид ба ташкили ширкати соҳибмулкони манзил ё интихоби дигар тарзи идоракунӣ қабулшуда ҳисобида мешавад, агар нисбати он аз се ду ҳиссаи соҳибмулкони манзил овоз диҳанд. Қарорҳои маҷлиси умумӣ нисбати дигар масъалаҳои рўзнома қабулшуда ҳисобида мешавад, агар нисбати онҳо бартарии иштироккунандагони маҷлиси умумӣ овоз диҳанд.
Қарорҳои маҷлиси умумӣ бо суратмаҷлис ҷамъбаст карда мешаванд ва онҳо бо натиҷаҳои овоздиҳӣ ба ҳар як соҳибмулки манзили бинои бисёрхонагӣ расонида мешавад.
- Идоракунии бевоситаи соҳибмулкон дар бинои бисёрхонагӣ.
Дар ҳолати чунин идоракунии бинои бисёрхонагӣ ҳар як соҳибмулки манзил аз номи худ шартномаҳо оиди хизматрасониҳои коммуналӣ (об, газ, барқ, гармӣ ва дигар) бо истеҳсолкунандагони ин хизматрасониҳо барои хонаи худ ба имзо мерасонад. Маблағи хизматрасониҳоро дар вақти дар шартнома дарҷгардида пардохт менамояд.
Аммо, ҳар як соҳибмулк дар чунин тарзи идоракунӣ бояд пардохти масрафҳои барои нигоҳдории молу мулки умумиро амалӣ намояд. Барои ин шартномаи хизматрасонӣ ҷиҳати нигоҳдории бинои бисёрхонагӣ ва гузаронидани корҳои таъмирии молу мулки умумии бинои бисёрхонагӣ бояд ба имзо расонида шавад ва чунин қарор дар маҷлиси умумӣ бояд қабул гардад. Дар ин ҳолат ҳамаи соҳибмулкон ё бисёрӣ ҳамчун тарафи шартнома баромад карда метавонанд. Чунончӣ, ободонии гирду атроф, рубучин, тозагии даромадгоҳҳо, баровардани партовҳо, истифодабарии лифтҳо, нигоҳдории шабакаи дохилии барқ-, газ-, об-, гармитаъминкунӣ, гузаронидани корҳои таъмирии бинои бисёрхонагӣ ва дигар намуди корҳои умумӣ дар асоси шартнома бо ташкилоте, ки чунин намуди корҳоро мегузаронад, амалӣ карда мешавад. Чунин шартномаҳоро яке аз соҳибмулкон дар асоси қарори маҷлиси умумии соҳибмулкон ва кафолатномаи хаттӣ, ки аз номи тамоми соҳибмулкон ё аксарияти онҳо дода шудааст, ба амал бароварда мешавад (дар ин тарзи идоракунӣ институтҳои сардори хонаҳоро (старший по дому) васеъ истифода бурдан мумкин аст. Аз ҷониби ин шахс корҳои иҷрошуда қабул карда мешавад.
- Идоракунӣ аз ҷониби ширкати соҳибмулкони манзил.
5.1. Ташкил намудани ширкати соҳибмулкони манзил дар бинои бисёрхонагӣ.
Бояд ёдовар шуд, ки соҳибмулкон дар як бино метавонанд танҳо як ширкат ташкил намоянд. Чӣ тавре, ки дар боло қайд гардида буд, қарор дар бораи ташкили Ширкати соҳибмулкони манзил дар маҷлиси умумии соҳибмулкон бо тарафдории аксарият (аз се ду ҳисса) қабул мегардад.
Тартибу намудҳои гузаронидани маҷлиси умумӣ дар бобҳои боло дида шуда буд.
Дар маҷлиси умумӣ:
- Раёсат ва комиссияи ҳисобӣ (ревизионная) интихоб мегардад.
Раёсат ва комиссияи ҳисобӣ фаъолияти худро дар асоси моддаҳои 33-36Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 № 542 «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» ба роҳ монда, раиси ширкати соҳибмулкони манзилро интихоб менамояд; - Оинномаи ширкати соҳибмулкони манзил қабул мегардад (Оинномаи намунавӣ таҳия гардидааст);
- Андозаи пардохтҳои ҳатмии аъзоёни ширкат муқаррар карда мешавад;
- Андозаи мукофотпулӣ барои аъзоёни ширкат муайян карда мешавад.
Ҳайати раёсат ва раиси интихобгардида барои баррасӣ ва тасдиқ ба маҷлиси умумӣ нақшаи солонаи молиявиро таҳия ва пешниҳод менамоянд.
Соҳибмулкон барои шомил гардидан ба ширкат унвонии раёсат ариза пешниҳод менамоянд.
Ҳуқуқ ва вазифаҳои ширкати соҳибмулкони манзил дар моддаҳои 24-27 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 № 542 «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» оварда шудаанд.
5.2. Бақайдгирии ширкати соҳибмулкони манзил.
Мутобиқ ба талаботи моддаи 17 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 № 542 «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил», ширкати соҳибмулкони манзил шахси ҳуқуқӣ аз вақти бақайдгирии давлатии он ҳисобида мешавад.
Бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ тибқи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» амалӣ карда мешавад.
Бақайдгирии давлатии ширкати соҳибмулкони манзил аз ҷониби мақомоти андоз дар маҳалли воқеъияти ширкат амалӣ карда мешавад. Корҳо ҷиҳати бақайдгирии давлатии ширкатро (пешниҳоди ҳуҷҷатҳои лозимиӣ) аз ҷониби раиси ширкат анҷом дода мешаванд.
5.3. Кушодани ҳисоб дар бонк.
Баъди бақайдгирии давлатии ширкати соҳибмулкони манзил раиси ширкат бояд сармуҳосиби ширкатро ба кор қабул намояд.
Барои кушодани ҳисоб дар бонк ҳуҷҷатҳои зерин бояд пешниҳод гарданд:
- Нусхаи Оиннома, ки дар идораи нотариалӣ тасдиқ гардидааст;
2. Нусха аз суратмаҷлиси маҷлиси умумӣ, ки аз ҷониби раиси ширкат тасдиқ гардидааст; - Нусхаи шаҳодатномаи бақайдгирии давлатӣ, ки дар мақомоти андоз тасдиқ гардидааст;
- Маълумотнома аз мақомоти андоз (нозироти андоз);
- Ду нусхаи имзоҳои Раис ва сармуҳосиби ширкат, ки дар идораи нотариалӣ тасдиқ гардидаанд;
- Нусхаи Фармон дар бораи таъин намудани сармуҳосиб;
- Нусхаи суратмаҷлиси маҷлиси умумӣ оиди интихоби раиси ширкат;
- Ариза барои кушодани ҳисоб.
5.4. Истифодаи қитъаи замини назди бинои бисёрхонагӣ.
Қитъаи замини назди бинои бисёрхонагӣ метавонад унвонии ширкати соҳибмулкони манзил ба расмият дароварда шавад.
Тартиби муайян намудани масоҳатҳои қитъаи замин ва дастрас намудани Сертификати ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин барои ширкат тибқи қонунгузории амалкунанда, аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ваколатдор амалӣ карда мешавад.
Қитъаи замини ба ширкати соҳибмулкони манзил вобасташуда, бояд ҳатман аз рўи таъиноташ (замини истифодаи умумӣ, майдончаҳои кудакон ва варзишӣ ва ғайра) истифода бурда шавад.
5.5. Ҳуҷҷатгузории ширкати соҳибмулкони манзил
Ҳуҷҷатҳое, ки барои ширкати соҳибмулкони манзил ҳатмӣ мебошанд:
- Оинномаи ширкати соҳибмулкони манзил;
- Шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии ширкати соҳибмулкони манзил;
- Шаҳодатнома оид ба қайд дар нозироти андоз;
- Шаҳодатномаи заминистифодабарӣ;
- Шаҳодатномаи бақайдгирӣ дар мақомоти ҳифзи иҷтимоӣ;
- Бақайдгирӣ дар идораи омор ва гирифтани кодҳо;
- Мўҳр, штампи кунҷӣ;
- Шиносномаи соҳибмулкии бино, шиносномаи техникии бино;
- Шиносномаи лифт (дар ҳолати вуҷуд доштани лифт);
- Китобчаи маблағии бонк (чековая книжка);
- Суратмаҷлисҳои маҷлисҳои умумии ширкати соҳибмулкони манзил;
- Суратмаҷлиси ҷаласаҳои раёсати ширкати соҳибмулкони манзил;
- Ҳуҷҷатҳои техникӣ (нақшаҳои шабакаҳои муҳандисии дохилии бино, планировка);
- Шартномаҳо барои нигоҳдории техникиву санитарии бино, хизматрасониҳои коммуналӣ ва дигар хизматрасониҳо;
- Руйхати аъзоёни ширкати соҳибмулкони манзил;
- Ҳуҷҷатҳои молиявӣ-муҳосибӣ;
- Ҳуҷҷатгузорӣ (мактубҳои воридотиву содиротӣ).
- Идоракунии бино аз ҷониби ташкилоти идоракунанда.
Дар ҳолати интихоби тарзи идоракунӣ – аз ҷониби ташкилоти идоракунанда, ки дар маҷлиси умумии соҳибмулкон қабул мегардад, ташкилоти идоракунанда дар асоси шартнома тамоми хизматрасониҳоро ҷиҳати нигоҳдорӣ ва идоракунии бинои бисёрхонагиро ба ўҳда мегирад. Дар асоси шартнома бо ризоияти тарафҳо мўҳлат ва андозаи маблағҳо дарҷ мегарданд.
Ташкилоти идоракунанда – ин шахси ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли моликият ва ё соҳибкори инфиродӣ шуда метавонад.
Вазифаҳои худро ташкилоти идоракунанда дар асоси шартномаи бо соҳибмулкон баимзорасонида ба амал мебарорад.
Дар шартнома бояд нуқтаҳои зерин қайд карда шавад:
1) молу мулки умумии бинои бисёрхонагӣ, ки нисбати он аз ҷониби ташкилоти идоракунанда нигоҳдориву идоракунӣ карда мешавад ва суроғаи бино;
2) номгуи хизматрасониҳо ва корҳо ҷиҳати нигоҳдорӣ ва таъмири молу мулки умумии бинои бисёрхонагӣ, тартиби иваз намудани номгў ва номгуи хизматрасониҳои коммуналӣ, ки ташкилоти идоракунанда пешниҳод менамояд;
3) тартиби муқаррар намудани маблағи хизматрасониҳо, таъмиру нигоҳдорӣ ва тартиби пардохти онҳо;
4) тартиби назорати корҳои аз ҷониби ташкилоти идоракунанда иҷрошуда;
5) муҳлати шартнома;
6) ҳуқуқ ва вазифаҳои тарафҳо;
7) тартиби идома додани шартнома;
8) тартиби қатъ ё тағйир додани шартнома;
9) муҳлат ва тартиби пешниҳоди ҳисобот оиди иҷрои шартнома;
10) дигар пешниҳодҳо.
Пеш аз интихоби ташкилоти идоракунанда ва ба имзо расонидани шартнома бояд аз ҷониби соҳибмулкон нуқтаҳои зерин дар интихоби ташкилот таҳлил гарданд:
- Ташкилот бояд дар ин соҳа фаъолият намуда истода бошад;
- Тавсияҳои хуб дошта бошад;
- Дар ҳайати худ штати доимии кормандони соҳавӣ дошта бошад;
- Иҷозатномаҳои дахлдор дошта бошад.
Дар ҳолати пайдо накардани чунин ташкилот, ташкилотҳои мавҷудае, ки пеш хизматрасонӣ менамуд интихоб намудан мумкин аст ва шартномаи дуруст тартибдодашуда соҳибмулконро аз хизматрасониҳои нокифоя ё ғайриқаноатбахш эмин медорад.
Бояд қайд намуд, ки бинои бисёрхонагӣ танҳо бо як ташкилоти идоракунанда идора ва нигоҳдорӣ карда мешавад.
Ташкилоти идоракунанда шартномаи идоракуниро бо ҳар як соҳибмулк дар асоси қарори маҷлиси умумӣ ба имзо мерасонад.
- Гузаронидани озмуни кушод оид ба интихоби ташкилоти идоракунанда барои идоракунии бинои бисёрхонагӣ аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳо.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳо бояд аз 01 апрели соли 2010 озмуни кушод оиди интихоби ташкилоти идоракунандаро ба бинои бисёрхонагие, ки то мўхлати мазкур аз ҷониби соҳибмулкони он тарзи идоракунӣ интихоб нагардидааст ё тарзи идоракунӣ интихоб гардида, амалӣ нашудааст, эълон ва тибқи тартиби муқарраргардида гузаронад.
Озмуни кушод аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар ноҳияҳо бо шартҳое, ки он дар асоси санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар менамояд, гузаронида мешавад.
- Муқаррароти хотимавӣ.
Дар Тавсияи методии «Тарзҳои идоракунии биноҳои бисёрхонагӣ ва ташкили ширкатҳои соҳибмулкони манзил» танҳо нуқтаҳои умумии татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 августи соли 2009 № 542 «Дар бораи нигоҳдории биноҳои бисёрхонагӣ ва ширкати соҳибмулкони манзил» зикр гардидаанд ва имконияти пайдо шудани душвориҳо ҷиҳати амалӣ намудани онҳо мавҷуд мебошанд, ки ҳалли онҳоро дар Кодексҳои манзилӣ, гражданӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда пайдо намудан мумкин аст.