Тоҷикӣ

Фасли 2. Риояи тартиботи ҷамъиятӣ

Қоидаҳои мазкур асосҳои ҳуқукии таъмини тартиботи чамъиятӣ, ободонӣ ва санитариро дар шаҳри Душанбе муайян намуда, ҷавобгариро ба шахсони мансабдор ва шаҳрвандон барои вайрон намудани онҳо муқаррар менамояд.

  

ФАСЛИ 2. РИОЯИ ТАРТИБОТИ ҶАМЪИЯТӢ


  1. Риояи тартиботи ҷамъиятӣ, қоидаю меъёрҳои санитарию гигиени ва санитарию эпидемиологӣ дар кӯчаву маҳаллаҳо, боғу майдонҳо, гулгаштҳо, майдонҳои варзишӣ, клубу театрҳо, кинотеатрҳо, нақлиёти шаҳри, ҷойи кору истиқомат, инчунин дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ масъулият ва уҳдадории  ҳамаи шахсони мансабдору шаҳрвандон мебошад.
  2. Бозиҳои варзиши ва дигар чорабиниҳои фарҳангиву шавқовар, ки доду ғавғоро тақозо менамоянд, танҳо дар ҷойҳои махсуси барои ин мақсадҳо таъингардида (майдонҳо)гузаронида мешаванд. 
  3. Дар кӯчаҳо, варзишгоҳҳо, хиёбонҳо, боғҳо, дар дохили ҳама намудҳои нақлиёти ҷамъиятӣ ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ нушидани машруботи спиртӣ ё дар ҳолати масти ҳозир шудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, ки шаъну шарафи инсон ва ахлоқи чамъиятиро доғдор менамояд, манъ аст.
  4. Шахсоне, ки тартибимуқарраршудаи ташкил ва гузаронидани маҷлисҳо, ҷамъомадҳо, роҳпаймоиҳо ва намоишҳоро дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе вайрон мекунанд, тибқи талаботи Кодекси Ҷумҳурии Точикистон дар бораи ҳукуквайронкунии маъмури аз ҷониби мақомоти ваколатдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  5. Шахсоне, ки тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳоро вайрон мекунанд, тибқи талаботи Кодекси Ҷумҳурии Точикистон дар бораиҳуқуқвайронкунии маъмури аз чониби мақомоти ваколатдор ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
  6. Дар ҳудуди марзиву маъмурии шаҳри Душанбе манъ аст:

            а) дар кӯчаҳо, майдонҳо, боғу соҳилҳои фароғатӣ (пляж), нақлиёт ва дар дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ, инчунин аз соати 2300 то соати 600 дар хобгоҳҳои умумӣ ва манзили зист доду фарёд кардан, ҳуштак кашидан, бо овози баланд суруд хондан, навохтани асбобҳои мусиқӣ, ба кор андохтан ё истифодаи дастгоҳҳои садотақвиятдиҳанда ё таҷҳизоти таъмирии садобардор, ки боиси халалдор гаштани оромии ҷамъиятӣ мегарданд;

            б) гилдиракрони ва самокатрони дар мавзеи кабудизори паркхо, гулгаштхо, дар кисмхои мошингарди роҳҳо, гузаштани роҳҳо, гузаштани кӯчаҳо, ки боиси вайрон намудани тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва вайрон намудани қоидаҳои ҳаракати роҳ мегарданд;

            в) таваққуфи воситаҳои нақлиёт дар ҷойҳои ба ин мақсадҳо таъиннагардида; 

             г) бунёд ва гузоштани гаражҳо барои автомашинаҳои шахсӣ бидуни Қарори Раиси шаҳри Душанбе;

            д) насб кардани радиошунавҳо, магнитофонҳо ва карнайҳои радио дар тирезаҳои биноҳои истиқоматӣ ва хобгоҳҳои умумӣ ва кӯчаву  шоҳроҳҳо;

  1. Шаҳрвандоне, ки талаботи зербандҳои «а» ва «в»-и банди 8 -ро вайрон мекунанд тибқи Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти ваколатдор ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд.


Илова кунед